26 сентябр – Рӯзи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Минбари ифодаи иродаи миллат
Имрӯз, 26-уми сентябр, Рӯзи Маҷлиси Олӣ – парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. 26-уми феврали соли 1995 парламенти Тоҷикистон, ки қаблан Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ном дошт, бо назардошти манфиатҳои миллӣ ва амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, санадҳои дигари меъёрию ҳуқуқии миллӣ бо номи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намуд.
Ба муносибати Рӯзи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муруре намудем ба таърих ва фаъолияти ин мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат.
Парлумони кишвари мо, ки пас аз ислоҳоти конститутсионии соли 1999 шакли дупалатагӣ гирифт, аз мақомоти калидии ҳокимияти давлатӣ маҳсуб меёбад. Он минбари ифодаи иродаи халқ буда, дар роҳи амалишавии мақсаду мароми давлатдории навини тоҷикон, бунёди давлати демократию соҳибихтиёр ва дунявию ягона саҳми созгор дорад.
Дар ҷаҳони имрӯза қонун воситаи асосии танзимкунандаи фаъолияти ҳаёти ҷомеа буда, рушди соҳаҳои гуногун ба фаъолияти парлумони кишвар, хоса санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки қабул мешаванд, зиёд вобаста мебошад. Ҳоло агар аз ин нукта ба дастовардҳои на танҳо соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, балки байналмилалии Тоҷикистон бингарем, фаъолияти босамари парлумони кишвар ва рушди парламентаризмро дар ҷумҳурӣ бештару хубтар дарк хоҳем кард. Ё агар ба фаъолияти парлумони кишвар аз зовияи таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, муносибатҳои байнипарлумонӣ, таъсиргузорӣ ба афкори ҷомеа назар карда, зарурати қабул ва тағйирот ба баъзе қонунҳоро баррасӣ кунем, дармеёбем, ки парлумони кишвар зина ба зина инкишоф ёфтааст.
РӮ БА РӮ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН
Аз халқ дур нестанд. Дар баробари иҷрои вазифаи асосии худ - таҳия ва қабули қонунҳо ҳамеша бо мардум дар иртиботанд. Бо онҳо мулоқот менамоянд, рози дили онҳоро мешунаванд ва ба масъалаҳои мушаххасе, ки сокинон ҳангоми мулоқот дар миён мегузоранд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд. Ҳамчунин, ҳамасола ҷавонони зиёде ҷиҳати ошноӣ бо фаъолияти вакилон ба бинои парлумон ташриф меоранд ва бо вакилон суҳбат менамоянд, ки ин дар баланд гардидани маърифати ҳуқуқию сиёсии ҷавонон муҳим арзёбӣ мешавад. Дар моҳи майи имсол ташрифи 220 нафар ҷавони фаъоли кишвар аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба бинои парлумон ва мулоқоти онҳо бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода далели возеҳи ҳамин гуфтаҳост.
РӮЙДОДИ ФАРАҲБАХШ
5-уми июли соли 2024 дар доираи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон бо ҳузури сарони ду давлат - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сӣ Ҷинпин бинои нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд, ки дар фаъолияти парлумони кишвар рӯйдоди муҳиму фараҳбахш арзёбӣ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ санги асоси бунёди бинои нави парлумони Тоҷикистонро 13 октябри соли 2018 гузошта буданд. Дар бунёди маҷмаа, ки намои он бо нақшунигори миллӣ, санъати баланди меъмории муосир ва услуби хос бунёд шудааст, беш аз 1500 коргари маҳаллӣ ва мутахассисони чинӣ саҳм гирифтаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои бунёдӣ баҳои баланд дода, ба бинокорону меъморон ва муҳандисону коргарон миннатдорӣ изҳор намуданд.
Воқеан, иморати парлумони Тоҷикистон, ки дар 6 гектар бунёд шудааст, айни замон яке аз зеботарин иншооти шаҳри Душанбе мебошад. Муаллифи лоиҳа меъмори шинохта, шодравон Сироҷиддин Зуҳуриддинов қабл аз таҳияи лоиҳаи бино тарҳ ва композитсияи бинои парламентҳои 6 давлат - ИМА, Венгрия, Олмон, Австрия, Англия ва Туркманистонро омӯхтааст. Ҳамин тавр, баъди омӯзиш бинои навро дар меҳвари Қасри миллат бунёд сохтанд, ки басо рамзист.
Майдони рӯ ба рӯйи парламент шукӯҳи хоса дорад. Фаввораю гулгаштҳои атрофи бино ба кас олам-олам шодӣ мебахшанду руҳи инсонро навозиш медиҳанд.
Бино аз рӯи нақша росткунҷа мебошад, ки нисбат ба даромадгоҳи марказӣ симметрӣ буда, бо усулҳои муосири сохтмон ва таҷҳизоти пешрафтаи муҳандисӣ аз бетони монолитӣ сохта шудааст. Иншоот аз чор блок иборат аст, ки ошёнаҳои гуногун доранд ва бо пайвандҳои зиддисейсмикӣ ҷудо мешаванд. Блоки марказӣ чорошёна, блокҳои рост ва чап сеошёна бо таҳхона ва як блоки дуошёна дар самти шарқӣ мебошад.
Баландии бинои асосӣ 49,7 метр буда, бо гумбазаш 70 метрро ташкил медиҳад. Иншоот, ҳамчунин, дорои таҳхона, таваққуфгоҳ, нуқтаҳои техникӣ, тақсимотӣ, толорҳои лифтҳо, дуредгарӣ, челонгарӣ, таъминоти барқ, алоқа, бойгонӣ, анбори шуъбаи хизматрасонии техникӣ барои таъмир ва таъмини хизматрасонии коммуналӣ, иншооти санитарӣ, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон барои палатаҳои болоӣ ва поёнӣ мебошад.
Дар қабати аввал толори марказии бошукӯҳ бо гардероб ҷой гирифтааст. Ғайр аз ин, дар ин қабат толори маҷлисҳои якҷоя бо 1500 ҷойи нишаст, толори маҷлисҳои палатаҳои болоӣ ва поёнӣ, ҳар яке бо 250 ҷойи нишаст, толори қабули меҳмонони олиқадр, маркази технологияи иттилоотӣ ва робитаҳо, инчунин, дигар ҳуҷраҳои иттилоотию техникӣ ва ёрирасон дар масоҳати 10520,66 м2 ҷойгир шудаанд.
Дар ошёнаи дуюм толорҳои маҷлисии кумитаҳо, комиссияҳо, чорабиниҳои идона бо толорҳои зиёфатҳои бошукӯҳ ва хонаҳои ёрирасон барои палатаҳои болоӣ ва поёнӣ, бахши идоракунӣ, китобхонаи ҳарду палата, ҳуҷраҳои кории мушовирони калон, ёварон ва хонаҳои ёрирасон барои палатаҳои болоӣ ва поёнӣ ҷой гирифтаанд, ки майдони умумии онҳо 7777,55 м2 мебошад.
Масоҳати умумии қабати сеюм 6655,52 м2 буда, дар он ҳуҷраҳои кории раисони палатаҳо ва ҷонишинони онҳо, кумитаҳо ва шуъбаҳо, инчунин, толорҳои истироҳатӣ ва хонаҳои ёрирасон ҷойгиранд.
Қабати чорум 3093,32 м2 мебошад. Толорҳои маҷлисгузаронии кумитаҳо ва комиссияҳо, толори иттилоотӣ бо 350 ҷои нишаст, шуъбаҳо, осорхонаи ҳарду палата ва хонаҳои ёрирасони ин ошёна ҳамагӣ зебою барҳавоянд.
Муаллифи лоиҳаи бино Сироҷиддин Зуҳуриддинов бинои парламентро инъикоскунандаи тараққиёти давлати навини тоҷикон - Тоҷикистони соҳибистиқлол арзёбӣ намудааст, ки воқеан, ин ҳамаро аз рамзҳои ошкору ниҳони гуногун дар ороиши намо ва дохили бинои тозабунёд метавон мушоҳида кард.
Сироҷиддин Зуҳуриддинов таърихи пойтахти давлати Сомониён – шаҳри Бухороро хеле хуб медонист. Аз ин рӯ, ҳангоми таҳияи лоиҳа унсурҳои меъмории миллиро хуб истифода кардааст, ки дилкашу назаррабо мебошанд. Ба хотири он ки ранги сафедро мардумони Шарқ муқаддас меҳисобанд, барои намо ва дохили маҷмаа ба ранги сафеди ҷилодор бартарӣ дода шудааст. Ин ранг хушбахтӣ ва некуаҳволӣ, садоқатмандӣ ва олиҳиматӣ, шараф ва некиро таҷассум мекунад. Аз сафеди аслӣ то ранги устухони фил, инчунин, рангҳои тиллоӣ, кабуд, сабз ба намо ва толорҳои бино зебоии хос бахшидаанд. Намои бинои парламент бо тахтасангҳои сафед оро ёфтааст.
Бо ҳама шароиту имконияте, ки имрӯз Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - парлумони кишвар дорад, аз ин ба баъд ҳам дар амалӣ шудани орзую ормони мардум мусоидат менамояд ва бо таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар рушди соҳаҳои гуногун саҳми мондагор мегузорад.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





