https://sadoimardum.tj

Аз Кумитаҳои Маҷлиси миллӣ

№:112 (5008) 26 сен 2025, 23:42
1

24-уми сентябри соли 2025 ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният баргузор гардид.

Дар ҷаласа Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» баррасӣ ва ба Шурои Маҷлиси миллӣ пешниҳод шуданд.

Дар ҷаласа, ҳамчунин, пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоби машваратчиёни халқии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030 ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 Дар ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон, ки 24-уми сентябр баргузор шуд, аъзои кумита нахуст Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ»-ро, ки дар шакли мукаммал ворид гардидааст, мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор доданд.

Илова бар ин, дар ҷаласа қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» баррасӣ гардид.

Аз натиҷаи масъалаҳои баррасигардида хулосаҳои дахлдор ба Шурои Маҷлиси миллӣ пешниҳод шуд.

 24-уми сентябр, ҳамчунин, дар Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ ҷаласа доир гардид.

Дар ҷаласа Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» ва дигар пешниҳодҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба Шурои Маҷлиси миллӣ пешниҳод шуданд.

 25-уми сентябри соли 2025 дар Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба иқтисодиёт ва коммуникатсия ҷаласа баргузор шуд. 

Тибқи рӯзномаи ҷаласа аъзои кумита қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки   Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо  ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ»-ро баррасӣ ва ба Шурои Маҷлиси миллӣ пешниҳод намуданд.

Наврӯз ҚУРБОНЗОДА, 

ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ.

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ

Ҳамчунин дигар маводҳо: