https://sadoimardum.tj

Иммунизатсия оғоз мешавад

29 сен 2025, 09:25
0

26-уми сентябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба воридкунии ваксинаи зидди вируси папилломаи одам (ВПО) нишасти матбуотӣ доир гашт. 

Нишасти мазкур бо мақсади дар сатҳи зарурӣ гузаронидани чорабинии иммунизатсионии оммавӣ бар зидди вируси папилломаи одам дар Тоҷикистон ва табодули таҷриба бо коршиносони байналмилалӣ роҳандозӣ гардид.

Зимнан, иштирокдорон дар бораи бемории саратони гарданаки бачадон, таҷрибаи кишварҳои гуногун дар самти пешгирии паҳншавии вируси папилломаи одам бо назардошти маълумоти исботшудаи ҷаҳонӣ мубодилаи афкор намуданд. 

Абдухолиқ Амирзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишаст иброз дошт, ки «Иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам воситаи асосии пешгирии бемориҳои пеш аз саратонӣ, инчунин саратони гарданаки бачадон, ки яке аз бемориҳои асосии саратонӣ миёни занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ба шумор меравад».

Акбар Муродзода, директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ», иброз дошт, ки айни замон дар Тоҷикистон 2260 нафар занони гирифтори саратони гарданаки бачадон дар қайди марказҳои саратоншиносӣ қарор доранд. Соли 2024 дар ҷумҳурӣ 423 нафар занони мубталои саратони гарданаки бачадон бори аввал ба қайд гирифта шуда, 224 нафар аз ин беморӣ фавтиданд. 

Ба гуфтаи мутахасисони Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваксинаи зидди вируси папилломаи одам ба монанди дигар ваксинаҳо ва дорувориҳо метавонад аксуламалҳои сабук, аз ҷумла дардмандӣ, сурхшавӣ ва ё варамак дар ҷойи тазриқ ва дарди сар дошта бошад. Ин аксуламалҳо  кӯтоҳмуддат буда, дар давоми чанд соат ё як рӯз пурра аз байн мераванд. Аз ин рӯ, бояд, ки пас аз қабули ваксина шахс дар давоми 15-20 дақиқа зери назорати кормандони тиб бошад, то дар ҳолати зарурӣ ба ӯ ёрии аввалини тиббӣ расонанд.

 Маврид ба зикр аст ваксинагирӣ асосан дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гузаронида мешавад. Барои фарогирии наврасон дар минтақаҳои дурдаст иловатан гурӯҳҳои мобилии сайёр ташкил ва сафарбар карда мешаванд. 

Гулбаҳор РАҲМОНОВА,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: