Номаи табрикӣ
1-уми октябри соли 2025 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжао Летсзӣ номаи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Шарафёбам аз номи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам Шуморо ба муносибати Рӯзи миллии Ҷумҳурии Мардумии Чин самимона табрик намоям.
1 октябр дар таърихи Ҷумҳурии Мардумии Чин санаи сарнавиштсоз ба шумор рафта, он ба давраи нави рушду нумуи кишвари Шумо ибтидо гузошт. Чин дар муддати начандон тӯлонии таърихӣ ба рушди бесобиқаи иқтисодиву иҷтимоӣ, илмиву техникӣ ва фарҳангӣ ноил гардида, бо пешбурди бомуваффақонаи сиёсати байналмилалӣ ба яке аз давлатҳои пешқадамтарини ҷаҳон табдил ёфт.
Мо робитаҳои мустаҳками дӯстӣ ва ҳамкории ҳамаҷониба бо Чинро, ки ба усулҳои неки ҳамсоягӣ, эҳтироми ҳамдигарӣ ва дастгирӣ асос ёфтаанд, қадр мекунем. Итминон дорам, ки ҳамкориҳои байнипарламентии кишварҳои мо минбаъд низ ба нафъи мардумони ду кишвар густариш хоҳанд ёфт.
Ба Шумо, муҳтарам Раис, саломатии қавӣ, дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳои нав ва ба мардуми бародари Чин шукуфоиву рушди баъдиро орзумандам».
www.majmilli.tj
Ҳамчунин дигар маводҳо:





