Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо
29-31-уми майи соли равон дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад, ки иштирокчиёни он масъалаҳои пешбурди таҳқиқот ва мониторинги илмӣ, рушди илми пиряхшиносӣ ва криосфераи баландкӯҳ, аз ҷумла донишҳои мардуми маҳаллӣ, навовариҳои технологӣ ва системаҳои мониторингро, ки ба фаҳмидани динамикаи ақибнишинии пиряхҳо ва таъсири онҳо ба экосистемаҳо, захираҳои об ва системаи ҷаҳонии иқлим нигаронида шудаанд, баррасӣ менамоянд.
Барои баргузории конфронсҳои канории ин чорабинии муҳими сатҳи ҷаҳонӣ ҳама толорҳои макони баргузории конфронс бо дастгоҳҳои зарурӣ ва тарҷумонҳо омода мебошанд.
Ёдрас мешавем, ки бо ташаббуси ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21 март «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» эълон гардид. Ин қатънома моҳи декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ҷонибдории зиёда аз 150 давлати дунё қабул шуд.
Дар конфронс, инчунин, масъалаи рафъи оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии обшавии пиряхҳо баррасӣ хоҳанд гардид.
Г. РАҲМОНОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:




