https://sadoimardum.tj

Ҳамоиши идона ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ

№:119 (5015) 06 окт 2025, 09:14
0

Сеюми октябри соли 2025 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид.

Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода иброз дошт, ки «Таҷлил ва гиромидошти Рӯзи забони давлатӣ дар равандҳои ҷаҳони муосир, бахусус, ҷаҳонишавӣ, бархӯрди тамаддунҳо ва ба миён омадани зарурати ҳифзи мероси фарҳангии тоҷикон, аҳамияти махсус дорад.

- Тавре аз таърихи башарӣ бармеояд, дар радифи истиқлолу озодӣ забон арзишмандтарин муқаддасот барои миллат ба ҳисоб меравад. Бо назардошти аҳамияти хосаи забон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон забонро сарчашмаи ҳас­тии миллат номидаанд.

Бо ташаббус ва талошҳои пайвастаи Сарвари давлатамон дар даврони соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ ба мақоми сазовори хеш ноил гашт. Дар самти ҳифзу гиромидошти забони давлатӣ хизматҳои шоёни Пешвои миллат беназиранд. Маҳз ба шарофати иродаи қавии Президенти мамлакат ва дастгирии мардуми шарифи Тоҷикистон бо қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатӣ мақоми забони тоҷикӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёт ва илму фарҳанг баланд бардош­та шуд, - изҳор намуд Файзалӣ Идизода.

Таъкид гардид, ки дар тамаддуни миллати тоҷик забони он решаҳои амиқ дорад ва ҳамчун василаи муҳимтарини шинохти миллӣ ва ҳифзи ҳувия­ти тоҷикон дониста мешавад. Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид доштаанд, таъриху фарҳанги миллати шарафманди тоҷик бо забони модарӣ пайванди ногусастанӣ дорад ва миллати куҳанбунёди тоҷик таъриху фарҳанги камназири худро тавассути ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст.

 - Имрӯз забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол аз минбарҳои баландтарини дунё, аз ҷумла созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, садо медиҳад. Ба шарофати сиёсати дурбинонаву ояндасози Пешвои фарҳангпарвари тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони муосир ҷаҳониён миллати моро бо номи тоҷик, давлатамонро бо номи Тоҷикистон ва забонамонро бо номи забони тоҷикӣ мешиносанду эҳтиром мегузоранд, - афзуд Раиси Маҷлиси намояндагон.

 Сипас, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодатшо Матробиён, Мунаввар Абдусаломзода, Ғафурҷон Собирзода, Шарифҷон Ҳакимзода ва мушовири калони муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Марҳабо Азимӣ доир ба таърих, ташаккул ва рушду ғановати забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво суҳбат намуданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ

Ҳамчунин дигар маводҳо: