Табрикоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамаи Шуморо ба ифтихори яке аз ҷашнҳои муқаддас барои давлату миллат – Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан шодбош мегӯям.
Забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз рукнҳои асосии ҳувияти миллӣ ва рамзи давлатдорӣ дар тақвияти ваҳдати миллӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳангиву таърихӣ ва рушди маънавиёти ҷомеа нақши беназир дорад.
Забони ширину шевои тоҷикӣ на танҳо василаи муошират, балки ганҷинаи пурқимати маънавиёти мардум ва оинаи таҷассуми фарҳанги асили тоҷикон мебошад, ки маҳз бо шарофати истиқлолият ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби мақоми давлатӣ гардид.
Мо вазифадорем, ки забони модарии худро ҳамчун хазинаи пурганҷ ва нишони ҳастию бақои миллату давлат ҳифз карда, дар тарғибу татбиқи забони давлатӣ ва ғанӣ гардонидани он саҳми арзандаи худро гузорем.
Бо чунин ниятҳои нек кулли ҳамдиёрон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон тансиҳатӣ, руҳи болида ва дар роҳи рушду нигоҳдории забони давлатӣ комёбиҳои рӯзафзун орзу менамоям.
Поянда бод, забони миллати куҳанбунёди тоҷик!
Ҳамчунин дигар маводҳо:





