https://sadoimardum.tj

Истиқлол ва Забони давлатӣ

№:120 (5016) 08 окт 2025, 18:54
0

Истиқлоли давлатӣ ҷиҳати боз ҳам таҳким бахшидани пояҳои давлатдории тоҷикон имкониятҳои мусоиди сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ фароҳам овард. Бо ин роҳ мо тавонистем як қатор масъалаҳои аз мадди назар дурмондаро таҷдиди назар кунем ва асолати таърихии онҳоро дар назди давлату миллат барқарор созем. Яке аз чунин масъалаҳо забони модариамон буд, ки дар ҳамон шабу рӯз беш аз ҳарвақта ба ғамхорӣ ва таваҷҷуҳ ниёз дошт.

Забони тоҷикӣ ба ғамхорӣ ниёз дошт, зеро то ин замон фишору таъқибҳои зиёде дида буд, аммо Истиқлоли давлатӣ имкон фароҳам овард, то забони тоҷикӣ ба марҳилаи тозаи рушд ва таҳаввул бирасад. Ин муддат ба забон, пеш аз ҳама, ба сифати як унсури муҳими миллатсоз таваҷҷуҳ зоҳир гашт ва он зери пуштибонии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва давлату Ҳукумат қарор гирифт. Дар партави чунин ғамхориҳо мо тавонистем ба ҳалли масъалаҳои мубрами забони модариамон оғоз намоем ва дар як муддати кӯтоҳ ба даст­овардҳои назаррас ноил гардем. Бешак, метавон гуфт Истиқлоли давлатӣ боиси истиқлоли забони тоҷикӣ низ гашт.

Истиқлоли комили забон аз он бармеояд, ки имрӯз ҳамчун забони давлатӣ масъулия­ти худро дар назди давлату миллат бе ягон таъсири омилҳои беруна иҷро намуда истодааст. Он миёни ҳама қишрҳои ҷомеа баробар истифода шуда, ҳамчун забони муоширати байнифарҳангҳо низ корбурд мегардад. Падидаи мазкур хеле муҳим арзёбӣ мешавад, зеро ҳамагон медонем, ки то замони соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ зери таъсири сиёсати вақт натавонист доираи амалкарди худро муайян созад. Ниҳоят, дар сессияи Совети Олии РСС Тоҷикистон баъди баҳсҳои тӯлонӣ 22 июли соли 1989 қонун дар бораи ба забони тоҷикӣ додани мақоми давлатӣ қабул шуд, аммо бо сабабҳои гуногун ин қонун мавриди амал қарор нагирифт ва дар рушду ҳимояи забон мусоидат карда натавонист. Танҳо Истиқлоли давлатӣ имкону шароит ба вуҷуд овард, ки забони тоҷикӣ дар ҷомеа мақоми шоиста пайдо кунад. 

Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали Роҳбари давлат таъин шуданашон рушди забони давлатиро дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор доданд, вобаста ба беҳ гардидани вазъи забон дар ҷомеа ва бартараф кардани мушкилоти дар ин самт ҷойдошта як қатор ибтикороти суд­манд амалӣ намуданд. Аз ҷумла, санаи 5-уми октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид. Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқии забони тоҷикиро муқаррар сохта, рушди онро дар қаламрави Тоҷикистон таъмин кард. Дар ин асос акнун ҳамасола санаи 5-уми октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ дар саросари кишвари азизамон бо шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

Дар ин давра ба мақсади назорати сиё­сати забонии давлат Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки фаъолияти он дар доираи қонунҳои мавҷуда ба тадбирҳои мушаххас андешидан дар самти равнақи забони тоҷикӣ нигаронида шудааст ва мақоми сохтори идоракунандаи манфиатҳои забонро соҳиб аст. 

Дар зарфи 34 соли соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ ба масъалаҳои забон ва нақши он дар ҷомеаи муосири тоҷик он қадар афзуд, ки назирашро ҳеҷ як давраи таърихӣ ёд надорад. Дар ин марҳилаи тақдирсоз забоншиносону адибони ватанӣ тавонистанд бо таълифоти арзишманди илмиву бадеӣ меъёрҳои истеъмолии забони тоҷикиро муқаррар созанд ва риояи бечунучарои онҳоро дар ҷомеа ба роҳ монанд. 

 Ин муддат забони тоҷикӣ ба сифати рукни муҳими худшиносии миллӣ шакл гирифт. Тавассути он як қатор масъалаҳое матраҳ гардиданд, ки дар шинохт ва ташаккули миллияти халқи тоҷик такони нав бахшиданд. Яке аз чунин падидаҳои тозае, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ рӯи кор омад, баргаштан ба номгузории ­анъанавии тоҷикӣ мебошад. Гоми нахустин дар ин самт аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд. Дар ин марҳилаи нави давлатдорӣ, ҳамчунин, нуфузи забони тоҷикӣ дар арсаи байналмилалӣ сол ба сол боло рафт. Суханрониҳои Пешвои миллат аз минбарҳои баланду бонуфузи ҷаҳонӣ, бо забони тоҷикӣ ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди сиёсию фарҳангӣ бо кишварҳои гуногун, фаъол гардидани забони тоҷикӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ далели возеҳ мебошанд. 

Бо таваҷҷуҳе, ки имрӯз нисбат ба забони тоҷикӣ зоҳир мегардад, метавон гуфт, ки он даҳсолаҳои оянда низ ба сифати як ҷузъи калидии устувории давлату миллат боз ҳам таҳким меёбад. Дар ин роҳ моро мебояд ҳамеша дар пайи беҳдошт, шаффофият ва риояи меъёрҳои забони модариамон бошем. Танҳо дар ин сурат метавонем забони модариамонро ҳамчун забони рақобатпазир ва тавонманд ба насл­ҳои оянда мерос гузорем.

С. СУЛАЙМОНЗОДА,

муовини прокурори вилояти Хатлон,

мушовири адлияи дараҷаи I

Ҳамчунин дигар маводҳо: