Водии Рашт. Нақша иҷро шуд
1-уми октябри соли равон - дар рӯзи нахустини даъват ноҳияҳои минтақаи Рашт нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро 100% иҷро карданд.
Дар майдони қисми ҳарбии маҳаллаи Сомониёни шаҳраки Ғарм маросими гусели наваскарон бо шиори «Фарзандони содиқи миллатем» ва иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод, Сангвор ва Нурободу Лахш баргузор шуд.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки модар аҳли оила, зодгоҳ ва сарзамини аҷдодӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, ҳар яки мо бояд Ватанро дар баробари ҷони худ, мисли модари худ дӯст дорем ва онро ҷавонмардона ҳимоя ва ҳифз намоем.
Даъватшавандагон бо ифтихор ва садоқат ба самъи иштирокчиёни чорабинӣ расонданд, ки «мо бо амри дил ва ба таври ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ пайваст мешавем ва мисли дигар ҷавонмардони Ватан ихтиёрона дар Артиши миллӣ хизмат менамоем. Мо бо боварӣ мегӯем, ки Ватанамонро содиқона ҳифз намуда, сарбаландона ба назди падару модар бармегардем».
Дар ин рӯз ба 190 нафар наваскароне, ки даври ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии «Мададгори мудофиа»-ро хатм намуда, барои ба сафи Артиши миллӣ дохил шудан ариза навишта буданд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуданд.
Модари даъватшаванда Донагул Аҳророва дар ин рӯзи пур аз ифтихору хурсандӣ гуфт, ки «мо - модарон сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатро содиқона дастгирӣ намуда, фарзандонамонро дар руҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ тарбия менамоем. Имрӯз мебинем, ки чӣ гуна фарзандони мо масъулияти ватандӯстиро ҳис намуда, бо сари баланд ба сафи Артиши миллӣ мепайванданд. Аз ин рӯ, мо, модарони Раштонзамин, аз он ифтихор менамоем, ки фарзандони мо дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, ба хотири ҳифзи марзу буми Ватани азизамон ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ гардиданд».
Дар ҳамоиш ҳунармандони бахши фарҳанг ба хотири болидаруҳии наваскарон барномаи рангинеро пешкаши иштирокчиёни ҳамоиш гардонд.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»