Рушди минтақаҳои кӯҳӣ ва дурнамои туризми кӯҳӣ дар кишварҳои ИДМ
Рӯзҳои 1-2 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Махачқалъаи Ҷумҳурии Доғистон Форуми 2-юми байналмилалии «Рушди устувори минтақаҳои кӯҳӣ» ва Форуми байналмилалии сайёҳӣ баргузор гардид.
Дар кори форум раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Таъкид гардид, ки минтақаҳои кӯҳистонии кишварҳои муштаракулманофеъ дар рушди иҷтимоию иқтисодии худ саҳми арзанда доранд, зеро онҳо дорои захираҳои ғании табиӣ мебошанд.
Дар доираи форум, ҳамчунин, ҷаласаҳои мубоҳисавӣ, маҷлисҳои комиссияҳои доимии АБ ИДМ оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экология, омӯзиши таҷрибаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ баргузор гардиданд.
М. СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»