Зафаробод. Мумфаршкунии роҳҳо бомаром идома дорад
Дар ноҳияи Зафаробод корҳои мумфаршкунии роҳҳо бо маром идома доранд. Чанде пеш роҳи муҳими нақлиётӣ, ки самтҳои Зафаробод – Ҳамид Алиев - Гулистон - Дӯстиро ба ҳам мепайвандад, пурра асфалтпӯш гардид.
Дарозии умумии роҳи мазкур 3,2 километр ва паҳноии он 6 метрро ташкил медиҳад. Тибқи нақша, роҳ дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд мавриди истифодаи сокинон қарор дода шуд.
Амалӣ гардидани чунин лоиҳа бо дастгирӣ ва маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд роҳандозӣ шуда, иҷрои корҳои пудратӣ ба ҶДММ «Ваҳдат-2018» вогузор шудааст.
Далер Шамсиев, сардори Муассисаи давлатии «Нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Зафаробод», иттилоъ дод, ки дар ҳудуди ноҳия 398 километр роҳ мавҷуд аст. Аз ин то санаи 20 сентябри соли ҷорӣ 6 километр роҳ пурра асфалтпӯш, 67 километр таъмири ҷорӣ ва 25 километр шағалпӯш карда шудааст.
Н. ТУРСУНОВ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





