https://sadoimardum.tj

Кӯлоб. Навсозии роҳҳо вусъат меёбад

04 окт 2025, 09:19
0

Дар доираи иқдомҳои созандаю бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мумфаршкунии роҳи дохили деҳаҳои Ҳакимобод, Бахтобод ва Чашмасори шаҳри Кӯлоб оғоз гардид. 

Ба иттилои масъулон, мумфаршкунии роҳ бо маблағгузории Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ амалӣ гардида, тибқи нақша 7 километри он бояд пурра мумфарш карда шавад. 

Ҳамчунин, дар доираи таҷлил аз Ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар маҳаллаи Нонбои поёни шаҳри Кӯлоб бо ҷалби соҳибкорону мардони саховатпеша 1300 метр, маҳаллаи Офтобрӯяи шаҳр 800 метр, инчунин, дар деҳаи Хоҷаисҳоқ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва соҳибкорону сокинони маҳаллӣ 1200 метр ва дар деҳаи Хонообод бо дастгирии сокинон ва соҳибкорон 1500 метр пурра мумфарш гардид. 

 Исломи РАҶАБАЛӢ,

 «Садои мардум»  

Ҳамчунин дигар маводҳо: