https://sadoimardum.tj

Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии «Тоҷи Сомон»

07 окт 2025, 09:24
0

Аз 15 то 20 -уми октябри соли равон дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик (16 октябр) Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе - «Тоҷи Сомон» бо номи «Таърихи рушди тоҷикон» доир мешавад.


Дар назар аст, ки дар ҷашнвора меҳмони зиёд аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Осиё ва Аврупо иштирок намоянд.


Дар доираи ин ҷашнвора баргузории ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳо, рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ - филмҳои тасвирӣ, ҳунарӣ ва мустанад, ҳамоиш бо иштироки намояндагони маъруфи кинои давлатҳои хориҷи дуру наздик, нишастҳои матбуотӣ ва дарси «Устод ва шогирд» пешбинӣ гардидааст.


Мақсад аз баргузории синамоҷашнвора низ дастгирии ҷавонони эҷодкор, таваҷҷуҳ ба арзишҳои миллӣ, табодули таҷриба, омӯзиш, манзури ҳаводорони кино намудани филмҳои ватанию хориҷӣ, таҳияи лоиҳаҳои муштарак, муаррифии маконҳои сайёҳӣ, тарғиби дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва таҳкиму тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи кино арзёбӣ мегардад.


Ёдовар мешавем, ки Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе - «Тоҷи Сомон» дар ду сол як маротиба баргузор мешавад.

Наҷиба МУРОДБЕКОВА,

«Садои мардум»


Ҳамчунин дигар маводҳо: