18 медали варзишгарони тоҷик аз ИДМ
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои сеюми кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар Озарбойҷон ҷараён дорад, 18 медал - 1 тилло, 3 нуқра ва 14 биринҷӣ ба даст оварданд.
Ягона медали тиллоро Беҳрӯз Умаров, муштзани 18-сола, соҳиб шуд. Ӯ дар вазни 50 кило дар финал бар Азизбек Шокирҷонови ӯзбекистонӣ пирӯз шуда, аввалин қаҳрамони Бозиҳои ИДМ дар Тоҷикистон гардид.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои сеюми кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 28-уми сентябр дар Озарбойҷон оғоз гардид ва то 8-уми октябр идома меёбад. Дар ин мусобиқа 1 ҳазору 605 варзишгар аз 10 кишвар иштирок дорад. Тоҷикистонро 144 варзишгар намояндагӣ дорад.
Г. РАҲМОНОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар бораи фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати кишвар бо таҳлили рушди иқтисоди миллӣ омода
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
1. Дар соли 2026 Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» баргузор карда шавад. 2. Низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» тасдиқ карда
Пешвои Наврӯз
Агарчӣ дар гузашта Наврӯзро арҷ мегузоштанд, вале аз ҷониби ҳукуматҳои замон ба он камтаваҷҷуҳӣ ё бештар бетаваҷҷуҳӣ сурат мегирифт. Хушбахтона, дар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо
Пирӯзии варзишгарони тоҷик дар Парабозиҳои V ОСИЁ
Варзишгарони навраси тоҷик аз Парабозиҳои V Осиё, ки аз 7 то 14 декабр дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, бо дастовардҳои назаррас - 1 медали тилло, 3 медали нуқра ва як
Шарҳи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сарфароз гардонидан бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ
Соҳаи варзиш ва варзишгарони касбӣ ҳамеша зери дастгирӣ ва қадршиносии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, заҳматҳо ва дастовардҳои онҳо дар
