https://sadoimardum.tj

Пирӯзии варзишгарони тоҷик дар Парабозиҳои V ОСИЁ

19 дек 2025, 07:00
0

Варзишгарони навраси тоҷик аз Парабозиҳои V Осиё, ки аз 7 то 14 декабр дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, бо дастовардҳои назаррас - 1 медали тилло, 3 медали нуқра ва як рекорди ҷаҳонӣ ба Ватан баргаштанд.

Шаби 15 декабр варзишгаронро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпӣ ва Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон истиқбол гирифтанд.

Нимаи дуюми ҳамон рӯз бо иштироки роҳбарияти сохторҳои соҳавӣ ва варзишгарон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Иштироки варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалӣ на танҳо барои ба даст овардани медалҳо, балки барои баланд бардоштани мақоми варзиши паралимпӣ ва ҳавасмандсозии дигар ҷавонони имконияташон маҳдуд аҳамияти хоса дорад.

Роҳбарияти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон ва варзишгарон барои дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайваста ба соҳаи варзиш ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуданд.

Медали тилло ва рекорди ҷаҳонӣ ба номи Аҳмади Фатҳидин сабт гардид. Ӯ дар вазни 65 кг дар намуди вазнабардорӣ бо бардоштани 135 кг ғолиб омад.

Медали нуқра дар вазни 49 кг ба Мизробиддин Олимов насиб гардида, ду медали дигари нуқраро Ҳаитҷон Хусаинов аз намуди дастхобонӣ ба даст овард.

Г. РАҲМОНОВА,
«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: