https://sadoimardum.tj

Машғулияти омӯзишӣ дар Академияи ВАО

06 окт 2025, 09:31
0

Аз 22-юми сентябр то 3-юми октябри соли равон дар Муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон» барои журналистони телевизион, радио ва нашрияҳои даврии кишвар, ки дар соҳаи фарҳанг барнома, гузориш ё мавод таҳия менамоянд, машғулияти омӯзишӣ баргузор шуд.

Директори академия Саъдӣ Маҳдӣ зимни сухани ифтитоҳӣ аз аҳамияти ба омӯзишҳои иловагӣ фаро гирифтани кормандони ВАО ҳарф зада, таъкид кард, ки дар шароити рушди босуръати илму техника ва технологияҳои рақамӣ такмили ихтисос як амри зарурист.

Корманди масъули Вазорати фарҳанг Раҳмоналӣ Мирализода машғулиятро тибқи барномаи таҳиягардида гузаронда, доир ба нозукиҳои таҳияи мавод дар соҳа маълумот дод. Дар баробари омӯзишҳои назариявӣ, инчунин, иштирокчиён ба машғулиятҳои амалӣ фаро гирифта шуданд.  

Дар охир ба шунавандагоне, ки дар машғулияти омӯзишӣ   иштирок карданд, сертификат дода шуд.

Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: