Иштироки вакили Маҷлиси намояндагон дар Конфронси ҷаҳонии парламентӣ
8-уми октябри соли 2025 узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Азизбек Хайриддинзода дар Конфронси ҷаҳонии парламентӣ оид ба мубориза бо терроризм ва пешгирии ифротгароии хушунатомез дар шаҳри Истамбули Ҷумҳурии Туркия иштирок ва суханронӣ намуд.
Зикр шуд, ки терроризм ва ифротгароӣ ҳамчун вабои аср, ба тамоми кишварҳои ҷаҳон таҳдид карда, зиндагии осудаи сокинони сайёраро зери хатар гузоштааст. Терроризм як амали зиддиҷамъиятӣ ва зӯроварӣ мебошад, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои муайяни ифротӣ нигаронида шудааст.
Таъкид гардид, ки мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар ҳамаи шаклҳо фаъолияти дастҷаъонаро талаб мекунад. Бояд ҳамаи кишварҳои ҷаҳон бар зидди ин зуҳуроти номатлуб ва хатарзо дар ҳамбастагӣ мубориза бурда, терроризм ва ифротгароиро решакан намоянд.
Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,
мудири шуъбаи матбуоти Дасгоҳи МНМО ҶТ
Ҳамчунин дигар маводҳо:





