Ҷаласаи комиссияи АБ СААД оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ
8-уми октябри соли 2025 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ баргузор шуд, ки дар кори он вакили Маҷлиси намояндагон, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва хуқуқи инсон Нилуфар Имомзода иштирок дошт.
Дар ҷаласа рафти татбиқи афзалиятҳои раёсати Ҷумҳурии Қирғизистон дар СААД, фаъолияти созмон дар давраи байни иҷлосияҳо, лоиҳаи Қонуни намунавии СААД «Дар бораи мақоми хизматчиёни давлатии байналмилалӣ» ва рафти тасвиби шартномаҳои байналмилалии дар доираи СААД басташуда баррасӣ гардид.
Иброз гардид, ки Ассамблеяи парлумонӣ бояд ваҳдати сиёсии кишварҳои узви СААД-ро таҳким бахшад. Дар панҷ соли охир дар самти таҳия ва қабули қонунҳои намунавӣ вобаста ба таъмини амният ва тавоноии дифоии кишварҳои узви СААД корҳои зиёде анҷом дода шудааст. Ҳоло вазифаи асосӣ аз он иборат аст, ки барои панҷ соли оянда аз ҷониби кишварҳои узви СААД афзалиятҳои қонуни нав ва татбиқи модели нав истифода шавад.
Таъкид шуд, ки дар ҷараёни иҷрои бахши аввали «Барномаи таъмини меъёрию ҳуқуқии фаъолияти низоми амнияти дастҷамъии кишварҳои узви СААД барои солҳои 2021- 2024» аз ҷониби комиссияҳо 28 санади меъёрии қонунгузорӣ ва тавсияҳо қабул шудаанд.
М. Султонов,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





