https://sadoimardum.tj

Муҳокимаи лоиҳаи барномаи кори қонунгузории АБ СААД

08 окт 2025, 16:10
0

Ҳаштуми октябри соли 2025 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ҷаласаи Шурои коршиносони Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ   баргузор  гардид, ки дар он раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Маҳмадалӣ Ватанзода ва раиси Комиссия  оид ба назорати Дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагон Шуҳрат Ғанизода иштирок намуданд.

Дар оғоз иштирокчиёни ҷаласа рафти иҷрои «Барномаи фаъолиятҳои ассамблея оид ба ҳамгироӣ ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии кишварҳои узви СААД барои солҳои 2021-2025» ва лоиҳаи барнома барои панҷ соли ояндаро баррасӣ намуданд. 

Иттилоъ дода шуд, ки дар марҳилаи ниҳоӣ барои барномаи нав 161 тадбир пешниҳод шуда, таҳияи лоиҳаи барнома марҳилаи муҳими банақшагирии мақсадноки фаъолияти СААД дар давраи миёнамуҳлат ба ҳисоб меравад. 

Лоиҳаи барнома, ҳамчунин, пешниҳодҳоеро дар бар мегирад, ки ба котиботи Ассамблеяи байнипарлумонии СААД аз ҷониби парлумонҳои ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия, мақомоти оинномавии СААД ва мақомоти салоҳиятдор пешниҳод шудаанд.

Аъзои Шурои машваратии коршиносон, ҳамчунин, нақшаи кори ассамблея барои соли 2026 ва нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 20-умин солгарди таъсиси Ассамблеяи парлумонии СААД-ро баррасӣ намуданд. 

Муҳаммадато Султонов, 

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: