https://sadoimardum.tj

Вакилони парлумонҳои кишварҳои узви ИДМ масъалаҳои иҷтимоиро баррасӣ намуданд

№:127 (5023) 27 окт 2025, 16:05
6

Дар шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамб­леяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон баргузор гардид, ки дар кори он раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мас­ъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Муҷибахон Ҷавҳарӣ иштирок дошт.

Дар ҷаласа лоиҳаи қонунҳои намунавӣ «Дар бораи мақоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон» ва «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак» дар таҳрири нав, инчунин, консепсияи Қонуни намунавӣ «Дар бораи донории хун ва ҷузъҳои он», лоиҳаи нави Консепсияи фазои ягонаи муҳоҷират барои давлатҳои узви ИДМ ва тавсияҳо оид ба «Самтҳои асосии сиёсати давлат оид ба пиронсолон дар давлатҳои узви ИДМ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 

Дар интиҳои ҷаласа пешниҳодҳо оид ба ворид намудани лоиҳаи қонунҳо ба нақшаи дарозмуддати ташаккули қонунгузории намунавӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои солҳои 2026-2028 тасдиқ карда шуд.

Ҳамчунин дигар маводҳо: