Таҳкими ҳамкориҳои парлумонии кишварҳои узви ИДМ баррасӣ шуд
Аз 8 то 10-уми октябри соли равон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ҷаласаҳои навбатии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор гардиданд.
Дар ҷаласаҳо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок ва суханронӣ намуданд. Аз ҷумла, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ғиёсиддин Ашурзода доир ба «Банақшанирии стратегӣ», қонуни моделӣ (намунавӣ) «Дар бораи стандартизатсия» ва қонуни моделӣ (намунавӣ) «Дар бораи литзенсиякунонӣ» фикру андешаҳои ҷолиб пешниҳод намуд.
Дар ҷаласа масъалаҳои таҳкими ҳамкории байнидавлатӣ, тавсеаи заминаҳои қонунгузорӣ ва таъмини амнияти минтақавӣ низ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҳамчунин, дар ҷаласаҳо оид ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байнипарламентӣ мубодилаи афкор баргузор шуд.
Файзулло Наҷмиддиниён,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МН МО ҶТ
Ҳамчунин дигар маводҳо:





