Бемориҳои ғайрисироятӣ зарари ҷиддӣ ба аҳолӣ доранд
15-16-уми октябри соли 2025 дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муколамаи сиёсӣ оид ба пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ тавассути низомҳои озуқаворӣ ва чорабиниҳои бисёрсоҳавӣ бо дастгирии дафтари минтақавии ТУТ дар Аврупо, дар ҳамкорӣ бо дафтари ТУТ дар Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар муколама вакилони Маҷлиси намояндагон, ҷонибҳои манфиатдори миллӣ ва байналмиллалӣ аз тамоми бахшҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, академия ва оҷонсии СММ барои пешбурди амалҳо, ки аз ҷониби ТУТ тавсия шудааст, иштирок намуданд. Вакили Маҷлиси намояндагон Мунаввар Абдусаломзода дар ин ҳамоиш андешаҳои ҷолиб пешниҳод намуд.
Гуфта шуд, ки бемориҳои ғайрисироятӣ сабабгори асосии марг ва маъюбӣ дар саросари минтақаи аврупоии ТУТ буда, зарари ҷиддии иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба аҳолӣ доранд. Бемориҳои мазкур аз чор омили тағйирёбандаи хатари рафторӣ: истеъмоли тамоку, камҳаракатӣ, ғизои носолим ва истеъмоли машрубот бармеоянд.
Коршиносон оид ба кам кардани истеъмоли намак, аз байн бурдани трансчарбу, андозбандии нӯшокиҳои ширин ва маҳдудияти маркетинги ғизоҳои носолим ба кӯдакон табодули назар намуданд.
Файзулло Наҷмиддиниён,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МН МО ҶТ
Ҳамчунин дигар маводҳо:





