Дар Маҷлиси намояндагон мизи мудаввар доир шуд
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ дар мавзуи «Дурнамо ва рушди қонунгузории шаҳрак ва деҳот дар шароити ҷаҳонишавӣ» мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар кори мизи мудаввар вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони Вазорати молия, Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини вазорату идораҳои дигар, олимон, ҳуқуқшиносон ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Ҳисору Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ иштирок намуданд.
Мақсади баргузории чорабинӣ баррасии афзалият ва мушкилот дар рушди қонунгузории марбут ба шаҳрак ва деҳот, таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ барои худидоракунии маҳаллӣ, ба роҳ мондани механизмҳои муассири ҳамкорӣ ва мусоидат ба рушди устувори фаъолияти ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ҷумҳурӣ мебошад.
Таъкид гардид, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», ки солҳои охир такмил ёфтааст, барои иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар ҳалли масъалаҳои муҳими маҳаллӣ шароити мусоид фароҳам овардааст.
Иштирокчиёни чорабинӣ як қатор таклифҳо ва тавсияҳо пешниҳод намуданд, ки метавонад дар рушди минбаъдаи қонунгузорӣ, таҳияи барномаҳои минбаъдаи давлат дар самти идораи маҳаллӣ нақши муҳим бозанд.
Ҳамчунин дигар маводҳо:
