Чароғонкунӣ яке аз иқдомҳои муҳиму муосир дар таҳкими инфрасохтори шаҳр ба ҳисоб рафта, он на фақат бехатарию фароғати аҳолии осоиштаро таъмин месозад, балки ба беҳтарсозии муҳити атроф ва зебоипарастӣ мусоидат мекунад. Чароғонкунии кӯчаю маҳал барои пешгирии садамаҳои нақлиётӣ, бахусус, шабона созгор буда, инчунин, имконият медиҳад, то сатҳи ҷинояткорӣ низ паст гардад.
Дар баъзе маҳаллаҳо ва паскӯчаҳои шаҳри Хоруғ ҳанӯз сагҳои дайду мавҷуданд ва хусусан, дар шаб ҳамлаи онҳо ба сокинон аз эҳтимол дур нест. Гузашта аз ин, бо фарорасии фасли сармо дар баъзе маҳаллаҳо сайругашти гургҳо низ мушоҳида мешавад. Масалан, бо омадани зимистон галаи гургҳо аз кӯҳу пуштаҳои болои маҳаллаи «Андарситез» фуромада, тариқи пули мошингарди роҳи Хоруғ — Роштқалъа ба самти Боғи набототии шаҳр мераванд, ки ин манзараро сокинони гирду атроф давоми чанд сол мушоҳида карданд.
Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва шаҳри Хоруғ тасмим гирифтанд, то кӯчаву маҳаллаҳои шаҳр ва берун аз онро пурра чароғон намоянд.
Давоми ду соли охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ аллакай дар масофаи 22 км 615 метр кӯчаю маҳаллаҳои Хоруғ чароғон гардиданд. Бар замми ин, чанде пеш чор маҳаллаи дигар, «Дашти боло» ба масофаи 3,1 км, «Андарситез» 2,3 км, «Табобатхона» ба масофаи 523 метр ва шафати беморхонаи касалиҳои силу беморхонаи вилоятӣ ба масофаи 460 метр ба сохтори чароғонкунии шаҳр васл шуданд.
М. ИМОМНАЗАР,
«Садои мардум»