Мунзимро дуруст бишносем

№19 (4915) 10.02.2025

МУНЗИМЯке аз масъалаҳои то ҳол ҳалли дурусти худро наёфта соли таваллуди Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим мебошад. Аз рӯи маълумоти «Адибони Тоҷикистон» (Хуҷанд: Ношир, 2024.- с.198) он соли 1877 нишон дода шудааст. Фикр мекунам, ки ин санаро аз рӯи санаи машҳури таваллуди устод Садриддин Айнӣ пазируфтаанд. Яъне, соли таваллуди Садриддин Айнӣ 1878 мебошад ва ӯ навишта, ки Мунзим аз ман як сол калонтар буд. Дар ин сурат, санаи 1877 дуруст меояд. Аммо муҳаққиқ шодравон Соҳиб Табаров бо далелҳои муътамад санаи таваллуди Садриддин Айниро соли 1875 муайян кардааст ва бархе аз муҳаққиқон ин санаро дуруст шуморида, дар корҳои илмиашон мавриди истифода қарор додаанд.

Соҳиб Табаров дар асараш «Зиндагиномаи Садриддин Айнӣ (1875-1899») (Душанбе: Матбуот, 2008.-с.7) нигоштааст: «Худи ӯ (Садриддин Айнӣ – Ҳ.З.) дар ҳуҷҷатҳои расмӣ — алалхусус дар паспорт (шиносномааш) се сол хурдсол қайд гардидани синнашро чӣ дар суҳбатҳои шахсӣ ва чӣ дар номаю тарҷумаҳои ҳолаш ҳанӯз дар ҳангоми дар қайди ҳаёт буданаш баён карда буд. Чунончи, Садриддин Айнӣ 23 ноябри соли 1934 дар тарҷумаи ҳоли ба Абулқосим Лоҳутӣ ирсолкардааш чунин навишта буд: «Ман дар соли 1878 (мувофиқи ҳуҷҷатҳо, аммо дар ҳақиқат дар соли 1875) таваллуд ёфтаам (Архиви Лоҳутӣ, Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, ф.16, воҳиди ҳифзи 2, в.1)». Ин ҳақиқатро соли 1947 ба адибони ӯзбек Адҳам Ҳамдам ва Назирмат низ навишта буд: «Дар ҳақиқат ҳозир ман 72-сола бошам ҳам, (аломати вергул нодуруст гузошта шудааст Ҳ.З.) дар асоси паспорт  (бояд баъди «паспорт» гузошта шавад) 69-солаам (Ҳамон ҷо.-с.7-8)».

Агар ин санаро қабул дошта бошем, санаи таваллуди Мунзим бояд соли 1874 бошад. Ин дар ҳолест, ки Соҳиб Табаров пас аз таҳлилу баррасӣ онро 1875 навиштааст (Табаров, С. Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим. – Душанбе: Нодир, 2008.-с.4). Ин муҳаққиқ дар асари мазкураш менависад: «То кунун дар як қатор сарчашмаҳо соли таваллуди Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим 1294 ҳиҷрӣ (1877 мелодӣ) таъкид гардидааст, ки ба қатори чунин муаллифон ва ёддоштнависон Шарифҷон махдуми Садри Зиё, Садриддин Айнӣ, муаллифони «Таърихи адабиёти советии тоҷик» (ҷ.1), «Адибони Тоҷикис­тон» — русию тоҷикӣ (1966, 1976, 1981, 1986, 2003), ҳамсари Мунзим Муҳиба Бурҳонова дохил мешаванд. Муаллифони китоби дарсии «Адабиёт» (соли 1934) Шарифҷон Ҳусейнзода ва Шавкат Ниёзӣ, ки шогирди бевоситаи Мунзим буданд, дар боби «Мунзим»-и ин асарашон дар зери ибораҳои «ин маълумот дар зиндагиаш аз худаш гирифта шудааст», соли таваллуди шоирро 1874 ба қалам додаанд. Баъзе дигар муаллифон ва ҳуҷҷатҳо соли таваллуди Мунзимро 1872 («Таърихи адабиёти советии тоҷик», ҷилди 1) ва соли 1876 (Энсиклопедияи Калони Советӣ, нашри 2, ҷ. 41) ва шаҳодатномаи узви Иттифоқи касабаи саноати коғазбарорӣ ва полиграфии №6979, ки дар дасти наберааш Алиҷон Бурҳонов маҳфуз аст, низ пешкаш кардаанд. Дар парвандаи писараш Бурҳонов Раҳим Мунзимович соли таваллуди Мунзим бо дастхати худи Бурҳонов 1878 нишон дода шудааст.

Дар паспорти серияи ПА № 006604, ки ба номи хидматчии нафақагири тоҷик Абдулвоҳид Бурҳонов 28 ноябри соли 1933 дода шудааст, соли таваллуди ӯ 1875 қайд гардидааст. Охирин ахборе, ки Х. Отахонова аз рӯи «Арзи ҳол»-и худи Мунзим пешниҳод кардааст, Мунзим дар соли 1875 таваллуд ёфтааст».

Тавре бармеояд, санаҳои гуногун дар мавриди соли таваллуди Мунзим мавҷуд аст. Муҳаққиқ Соҳиб Табаров ҳамин сол, яъне 1875-ро пазируфтааст. Ӯ менависад: «Ҳоло ба санаи паспорт ва «Арзи ҳол»-и худи Мунзим такя карда, соли таваллуди ӯро 1875 шуморидан мумкин аст». Албатта, ҷойи тааҷҷуб низ мебошад, ки асарҳои ин муҳаққиқ бо номҳои «Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим» ва «Зиндагиномаи Садриддин Айнӣ (1875-1899)» дар як сол: соли 2008 ба табъ расидаанд. Яъне, соли таваллуди Садриддин Айнӣ агар 1875 бошад, пас соли таваллуди Мунзим бояд 1874 бошад. Дар ин маврид навиштаи Шарифҷон Ҳусейнзода ва Шавкат Ниёзӣ, яъне соли 1874 дуруст аст. Муаллифони мазкур барҳақ зикр кардаанд, ки «ин маълумот дар зиндагиаш гирифта шудааст». Ҳамин тавр, санаи таваллуди Мунзимро бояд 1874 бидонем ва бинависем. Тафовут дар ин сурат ба маълумоти «Адибони Тоҷикистон» (2024) 3 сол аст.

Дар ин китоб, яъне «Адибони Тоҷикистон» (2024.-с. 198) санаи пазириши Мунзим ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон соли 1934 мебошад: «Аз соли 1934 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст».

С. Табаров санаи пазириши ӯро ба Иттифоқи нависандагон соли 1932 навиштааст. Дар ин маврид нигоштааст: «Пас аз он ки дар соли 1932 Комитети ташкилии Иттифоқи нависандагони ИҶШС бо сарварии А.М. Горкий ташкил ёфт, чунин комитет бо роҳбарии Маъруф Расулӣ дар Тоҷикистон низ ба вуҷуд меояд. Комитети ташкилии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон 11 феврали соли 1933 бо имзои «Раиси Комитети ташкилии Тоҷикистон» ва «котиби масъули Иттифоқи нависандагони шуроии Тоҷикистон Абдинов» дар шаҳодатномаи муваққатии № 36 навишта буд: «Дорандаи ин шаҳодатнома рафиқ Бурҳонов Мунзим ҳақиқатан узви Иттифоқи нависандагони шуроии Тоҷикистон буда, ба ташкилоти нависандагони Сталинобод мансуб аст».

Муҳаққиқ С. Табаров ин сана ё худ кай додани шаҳодатномаи нависандагии Мунзимро баён намудааст, аммо мантиқан бармеояд, ки ин сана 11 феврали соли 1933 мебошад.

Дар ҳамин солҳо: 1932-1934 ҳуҷум дар матбуоти даврӣ (ба ҷуз «Тоҷикистони сурх» (ҳоло «Ҷумҳурият») бар зидди Мунзим авҷ мегирад. Ӯро «ҳомии ақидаҳои пантуркистӣ ва панисломӣ ба қалам дода буданд» (С. Табаров. Ҳамон ҷо.-с. 96-97). Ин сабаб мешавад, ки ӯро аз узвияти ин иттифоқ хориҷ намоянд. Устод Лоҳутӣ ҳатто дар Москва ба ин иғвоҳо бовар кард, аммо қимати бадеии ашъори ӯро моҳи июли соли 1933 ёдовар мешавад.

Мунзим ба сабаби фавташ дар Анҷумани якуми нависандагони Тоҷикистон ширкат наварзидааст.

С. Табаров менависад, ки «ӯ (Мунзим – Ҳ. З.) дар асоси ҳамин шаҳодатнома узви Иттифоқи нависандагони СССР ҳисоб меёбад. Ҳақиқати ин фикрро боз ба он далел исбот кардан мумкин аст, ки дар рӯзҳои Анҷумани якуми нависандагони Тоҷикистон (10-18 майи 1934) шабҳои адабии ду адиби маъруфи тоҷик Пайрав Сулаймонӣ (мутасаддии шабнишинӣ Раҳим Ҳошим), Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим (мутасаддияш Қосим Дайламӣ) баргузор гардида, дар он шабҳои адабӣ саҳму хидмати онҳо дар адабиёти тоҷик ба дилгармӣ номбар карда ва ба хотир оварда мешаванд» (С.Табаров. Ҳамон ҷо-с.96.).

Дар «Адибони Тоҷикистон» (2024) санаи вафоти Мунзим 5 марти соли 1934 нишон дода шудааст: «5 марти соли 1934 аз олам гузаштанд. Санаи рӯзи вафоти Мунзим хатост, дурусташ 4 марти соли 1934 мебошад. Аз рӯи маълумоти С. Табаров, ки такя ба рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» дорад, ҳамин сана аст. Дар ин рӯз, яъне 4-уми март таъзияи хурде ба нашр расидааст: «Мунзим баъд аз андак касалӣ 4-уми марти соли 1934 дар беморхонаи шаҳри Сталинобод дар натиҷаи нохушии варами шуш вафот кард». Албатта, мурод аз «баъд аз андак касалӣ» дар беморхонаи мазкур бистарӣ шудани ӯ мебошад (аввали моҳи марти соли 1934) варна ин адиб аз соли 1932 бемор буд. С.Табаров менависад: «Мунзим дар оғози солҳои 30-юм тез-тез гирифтори касалии оммавии он даврон — вараҷа мешуд ва ин дард дар моҳҳои феврал-марти соли 1934 низ ба ӯ ҳамла намуд. Илова бар ин, Мунзим дар рӯзҳои аввали моҳи марти соли 1934 боз ба касалии варами шуш гирифтор гардида, чор шабу рӯз дар хонааш табобат ёфта бошад ҳам, сиҳатӣ намеёбад» (С. Табаров. Ҳамон ҷо — с.98). Пас аз ин ӯро ба беморхона мебаранд ва дар он ҷо аз олам мегузарад.

Шояд ин савол матраҳ гардад, ки чаро шаби адабии Мунзимро пас аз иғвову туҳмату буҳтонҳои матбуотӣ дар ҳаққаш дар рӯзҳое, ки Анҷумани якуми нависандагони Тоҷикистон баргузор мегарданд, доир карданд. Посух ба ин пурсиш бояд он бошад, ки Садриддин Айнӣ бо хабар ёфтани бемории Мунзим аз Самарқанд ба Сталинобод меояд ва пеш аз маргаш дидор мебинанду суҳбат мекунанд. Инчунин, баъд аз фавташ тобути ӯро бо дастони худ ҳамроҳи А. Лоҳутӣ, котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон Г.И.Бройдо ва дигар адибони тоҷик дар гӯристони назди масҷиди Ҳоҷӣ Яъқуб… ба хок супориданд» (С.Табаров. Ҳамон ҷо — с.98).

Хулоса, зарурати таҷдиди тарҷумаи ҳоли Мунзим ба миён омадааст. Ин бисёр муҳим мебошад, хоса барои таърихи адабиёти давраи нави тоҷик ва омӯзандагону муҳаққиқон.

Зебунисо ҲАМИДЗОДА,

омӯзгори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ