Аз нишастҳои матбуотӣ

Кӯлоб. 122 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо бекор шуд

№19 (4915) 10.02.2025

КУМИТАИ ЗАМИНИ КУЛОБЮсуф Саидзода, раиси кумитаи идораи замини шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки соли 2024 ба 180 қарори раисони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб аз ҷониби прокуратура эътироз оварда шуд, ки дар натиҷа 122 қарор бекор гардид.

Маълум шуд, ки соли 2024 аз тарафи мутахассисони кумитаи идораи замини шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб 1491 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар 3943,73 гектар ошкор ва нисбат ба ҳуқуқвайронкунандагон протокол тартиб дода шуда, ба маблағи 631 ҳазору 180 сомонӣ ҷаримабандӣ гардиданд, ки аз ин ҳисоб 528 ҳазору 152 сомонӣ ба суратҳисоби махсуси кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо ворид гардидааст.

Инчунин, мутахассисони кумитаҳои замини шаҳру ноҳияҳо дар давраи сипаришуда 170 ҳолати худсарона ишғол намудани майдони 15,65 гектар заминро ошкор намуданд.

Аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб 65 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар майдони 9,5 гектар ошкор ва ба ҳолати аввала баргардонида шуд.

Ба саволи он ки соли 2024 оид ба расмият­дарории ҳуқуқи истифодаи замин чӣ корҳо анҷом дода шуданд, Ю. Саидзода посух дод, ки 22 ҳазору 743 парвандаи заминсозӣ омода гардидааст.

И. РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»