Гулистон аз ҷумлаи калонтарин деҳоти ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳисоб рафта, дар қисмати шарқии пойтахти ҷумҳурӣ — шаҳри Душанбе қарор дорад. Чанде пеш як қисми ҳудуди деҳоти мазкур ба шаҳри Душанбе ҳамроҳ карда шуд. Имрӯз дар ҳудуди деҳоти мазкур зиёда аз 35000 аҳолӣ кору зиндагӣ мекунанд.
Вақте бо нияти омода кардани ин матлаб ба идораи ҷамоати деҳот рафтем, маъмурияти он серташвиш буданд, зеро интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ наздик асту онҳо ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ омодагӣ доштанд. Бо вуҷуди серкорӣ раиси ҷамоати деҳоти Гулистон Ашраф Шарифов ба суолҳои мо посух дод:
- Дар ҷамоат алҳол 290 хоҷагии деҳқонӣ, аз ҷумла 5 хоҷагии деҳқонии ёрирасон, фаъолият дорад. Дар 11 деҳаи ҳудуди ҷамоат 7 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 китобхона, 2 масҷиди ҷомеъ ва 10 масҷиди панҷвақта мавҷуд аст. Ҳамзамон, ба аҳолии деҳот 2 маркази саломатӣ, 5 бунгоҳи тиббӣ ва 4 дорухона хизмат мерасонад, — иброз дошт дар оғози суҳбат Ашраф Шарифов.
Ба саволи мо роҷеъ ба омодагӣ ба интихоботи вакилон номбурда иттилоъ дод, ки дар деҳот 10 участкаи интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 ҳавзаи интихоботии интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ, комиссияи интихоботӣ ва 20 ҳавзаи интихоботии интихоботи вакилони ҷамоати деҳоти Гулистон ташкил шудааст. Дар участкаҳои интихоботӣ комиссияҳо таъсис дода шуда, бо асбобу лавозимоти зарурӣ таъмин мебошанд. Рӯйхати интихобкунандагонро тартиб дода, участкаҳои интихоботиро бо ҳуҷраҳои овоздиҳӣ, қуттиҳои калону майда таъмин намудаанд.
Дар деҳоти Гулистон бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни бошукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои бунёдкорӣ вусъат ёфтааст. То рӯзи ҷашни фархунда бунёди иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Алҳол 10 иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла се синфхонаи иловагӣ барои 60 хонанда дар як баст дар назди МТМУ №38 деҳаи Сангтӯда, бинои иловагии дуошёна иборат аз 12 синфхона бо инфрасохтори замонавӣ барои 320 хонанда дар як баст дар назди МТМУ №40 деҳаи Зартеппа, чор синфхонаи иловагӣ дар назди МТМУ №108 деҳаи Дарёбод, чор синфхонаи иловагӣ дар назди МТМУ №166 деҳаи Болошаҳр, мағозаи фурӯши гулу буттаҳои ороишӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ, дорухона ва маркази савдои молҳои ниёзи мардум дар деҳаи Сангтӯда, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ бо тамоми инфрасохтори замонавӣ, воқеъ дар шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат, нуқтаи савдо ва маркази хизмати маишӣ дар деҳаи Тезгари поён, маркази савдои молҳои ниёзи мардум дар деҳаи Майсазор бо саҳмгузории сокинон ва дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Дар баробари ин, роҳҳои дохили маҳаллаҳо мунтазам тахту ҳамвор ва мумфарш мешаванд. Аз ҷумла корҳои таъмиру таҷдид ва нигоҳдории роҳҳо дар деҳаҳои Сангтӯда, Меҳан, Дарёобод анҷом ёфта, ободонӣ ва мумфаршкунии роҳҳои деҳоти дигар ба нақша гирифта шудааст.
- Имрӯз давлат ва Ҳукумати мамлакат дар баробари таъмини сулҳу оромӣ тамоми шароитро муҳайё кардааст, то мо якҷо Ватанамонро ободу пешрафта гардонем. Сокинини деҳоти Гулистон корҳои ободонию бунёдкориро бо руҳбаландию ифтихор аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон, сиёсати созандагии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом медиҳанд, — гуфт дар фарҷоми суҳбат Ашраф Шарифов.
Бурҳониддин КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»