Хонандагони азиз, тавре хабар доред, тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2-юми марти соли равон дар кишварамон интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 28 марти ҳамин сол интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Вобаста ба аҳамияти ин маъракаи муҳими сиёсӣ ва тартиби иштирок дар он бо котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Самадзода мусоҳиба намудем:
- Интихобот ҳамчун маъракаи сарнавиштсози сиёсӣ яке аз омилҳои муҳими таъмини рушди демократия тавассути амалӣ намудани ҳуқуқи шаҳрвандон ба ташаккули ҳокимияти сиёсӣ ва интихоби шахсони мансабдори он мебошад. Махсусият ва фарқияти ин маъракаи муҳим дар кишвари мо кадомҳоянд?
- Интихобот муҳимтарин падидаи демократия буда, маҷмуи муносибатҳои ҷамъиятиест, ки дар алоқамандӣ бо ташаккули мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ ва ҳуқуқи субъективии шаҳрвандон оид ба интихобкунӣ ва интихобшавӣ ба вуҷуд меояд. Қисми муҳимтарини ин муносибатҳо тавассути меъёрҳои ҳуқуқии интихобот ба танзим дароварда мешавад. Қобили қайд аст, ки дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо дар бобати ташкил ва гузаронидани интихобот заминаи мусоиду боэътимоди ҳуқуқию сиёсӣ ба вуҷуд омада, дар байни субъектҳои раванди интихобот ҳамдигарфаҳмӣ, баҳсу муколамаҳои созанда, дарки мақсаду мароми тарафайн ва фазои орому озод фароҳам аст.
Интихобот аз рӯйи принсипҳои умумӣ, баробар, бевосита ва пинҳонӣ гузаронида мешавад ва ин принсипҳо дар Конститутсия ва санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардидаанд. Маҳз ҳамин нуктаро ба назар гирифта Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид намуданд: «Интихоботи дарпешистода бояд тибқи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шаффофу озод ва дар сатҳи баланд баргузор гардад ва интихобкунандагон номзадҳои арзандаи худро интихоб намоянд».
- Равобиту ҳамкории Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР) бо ҳизбҳои сиёсӣ дар кадом сатҳ аст?
- Мо аз сатҳу сифати ҳамкорӣ бо ҳизбҳои сиёсӣ, ки аз субъектони фаъоли интихобот маҳсуб меёбанд, қаноатмандем. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон 7 ҳизби сиёсӣ — Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Ҳизби демократи Тоҷикистон, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, фаъолият доранд.
Қонунгузор дар моддаи 30 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳуқуқи пешбарии номзадҳоро муқаррар кардааст. Шоҳид ҳастем, ки барои дар парлумон соҳиби мандати вакилӣ гардидан ҳизбҳои сиёсие, ки дар мамлакат ба таври расмӣ ба қайд гирифта шудаанд, рӯйхати номзадҳояшонро дар анҷумани ҳизб (конференсия) пешниҳод намуда, барои иштирок дар интихобот ва ба даст овардани овозҳои интихобкунандагон ба интихобкунандагон барномаҳои худро пешниҳод намуданд. Мутобиқати пешбарии рӯйхатҳои ҳизбӣ ба қонунгузории интихоботии кишвар санҷида шуда, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ рӯйхатҳои мазкурро тасдиқ намуд.
- Маълум аст, ки барои пешбарӣ намудани номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон ҳизбҳои сиёсӣ, инчунин, шаҳрвандон бо роҳи худпешбарӣ ҳуқуқ доранд. Дар бораи тартиби пешниҳоди номзадҳо аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ маълумот кофӣ аст, вале на ҳама тартиби пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаҳои якмандатии интихобот ба тартиби худпешбариро медонанд…
- Пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаҳои якмандатии интихобот ба тартиби худпешбарӣ бо роҳи пешниҳоди ариза ба комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба овоз мондани номзадии ӯ сурат мегирад. Номзад бояд барои тарафдории худ на камтар аз 500 имзои интихобкунандагони ин ҳавзаро ҷамъ орад. Ҳар интихобкунанда бояд ба тарафдории фақат як номзад аз ҳавзаи маҳали истиқомати худ имзо гузорад. Дар варақаҳои имзогузорӣ насаб, ном ва номи падар, номзад ва шахси ташаббускори номзад, ҷойи истиқомат, серия ва рақами шиноснома ё ҳуҷҷати дигаре, ки шахсияти шахси ташаббускорро тасдиқ мекунад, рақами тартибӣ, насаб, ном ва номи падари ӯ, рӯз, моҳ ва соли таваллуд, шиноснома ё ҳуҷҷати дигаре, ки шахсияти имзогузорандаро тасдиқ мекунад, силсила ва рақами он ҳуҷҷатҳои истиқомат, имзои шахси имзогузоранда ва таърихи имзои варақа сабт мегарданд. Намунаи варақаи имзогузориро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ муайян мекунад.
- Маблағгузории интихобот ва гарави интихоботӣ аз масъалаҳои таваҷҷуҳбарангез дар ин маъракаи муҳим маҳсуб мешавад. Лутфан дар ин бобат маълумот диҳед.
- Бояд мадди назар дошт, ки маблағ барои тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо мешавад. Ба ғайр аз ин, номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон, ҳизбҳои сиёсӣ, ки дар интихобот иштирок мекунанд, хазинаи интихоботии худро барои маблағгузории интихобот таъсис медиҳанд. Маблағҳои хазинаи интихоботии номзад ба вакилӣ ва ҳизби сиёсӣ дар суратҳисоби муваққатии махсуси Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва шуъбаҳои он нигоҳ дошта мешаванд.
Тибқи муқаррароти мавҷуда, хазинаи интихоботии номзад ба вакилӣ ва ҳизби сиёсӣ аз маблағҳое, ки барои ташвиқоти пеш аз интихобот аз тарафи комиссияҳои дахлдори интихобот ҷудо карда мешаванд, маблағҳои шахсии номзад ба вакилӣ, ки он набояд аз 500 (панҷсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошанд, маблағи ҳизби сиёсӣ барои номзаде, ки ҳизби сиёсӣ ба ҳавзаи якмандатии интихобот пешбарӣ намудааст, набояд аз 500 (панҷсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад ва маблағҳои хайрияи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ташкил меёбад.
Бояд донист, ки маблағҳои хайрияи шахсони воқеӣ барои хазинаи интихоботии номзад ба вакилӣ набояд аз 50 (панҷоҳ) ва барои ҳизби сиёсӣ набояд аз 100 (сад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошанд. Мутаносибан маблағҳои хайрияи шахсони ҳуқуқӣ барои хазинаи интихоботии номзад ба вакилӣ набояд аз 100 (сад) ва барои ҳизби сиёсӣ набояд аз 500 (панҷсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошанд.
Муҳимтар аз ҳама, ба таври хайрия маблағгузорӣ ба хазинаи интихоботии номзад ба вакилӣ ва ҳизби сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо, созмонҳо ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 18 нарасидаанд, шахсони ҳуқуқие, ки бо иштироки саҳмияи хориҷӣ таъсис ёфтаанд, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҳаракатҳои ҷамъиятии байналмилалӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, ташкилотҳои давлатӣ ва ташкилотҳое, ки саҳми давлат дар онҳо аз сӣ фоиз зиёд мебошад, қисмҳо, ҷузъу томҳо ва дигар сохторҳои ҳарбӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, иттиҳодияҳои динӣ, ташкилотҳои эҳсонкорӣ ва дигар ташкилотҳое, ки аз ҷониби онҳо таъсис дода шудаанд, манъ аст.
Вобаста ба қисмати дувуми савол бояд гуфт, ки номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаҳои якмандатии интихобот пеш аз бақайдгирӣ ва баъди аз тарафи комиссияи ҳавзавии дахлдори интихобот муайян намудани мувофиқати ӯ ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз маблағи шахсии худ ба суратҳисоби муваққатии махсуси КВД БА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва шуъбаҳои он 100 (сад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо гарави интихоботӣ месупорад.
Дар сурати ба даст овардани на кам аз 10 фоизи овозҳои интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии дахлдори дар овоздиҳӣ иштироккарда гарави интихоботӣ ба номзад баргардонида мешавад. Ҳангоми бекор кардани қарори пешбарии номзад аз тарафи ҳизби сиёсӣ ё пас гирифтани номзадӣ аз ҷониби номзад гарави интихоботӣ бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ мегузарад.
- Барои интихобкунандагоне, ки дар рӯзи интихобот ба участкаи интихобот, ки дар он ҷо ба рӯйхати интихобкунандагон дохил шудаанд, имконияти омадан надошта бошанд, чӣ муқаррарот аст?
- Дар чунин ҳолат интихобкунанда ҳуқуқ дорад 7 рӯз пеш аз рӯзи интихобот ба бинои комиссияи ҳавзавии дахлдори интихобот омада, бо пур кардани бюллетен овоз диҳад. Комиссияи интихобот вазифадор аст, ки махфияти овоздиҳии ӯро таъмин намояд, ба ғалат нишон додани изҳори иродаи вай роҳ надиҳад, ҳифзи бюллетен ва баҳисобгирии овози интихобкунандаро дар вақти муқаррар намудани натиҷаи овоздиҳӣ ва муайян кардани ҷaмъбасти интихобот таъмин созад. Бюллетени интихобот, ки пешакӣ аз тарафи интихобкунанда пур карда шудааст, ба лифофа гузошта, он ширеш карда мешавад ва дар ҷойи ширешшуда имзои ду нафар аъзои комиссияи дахлдори интихобот гузошта, бо муҳри комиссияи интихобот ва имзои овоздиҳанда тасдиқ карда мешавад. Лифофаи ширешкардашударо котиби комиссияи дахлдори интихобот дар бинои комиссияи ҳавзавии интихобот то лаҳзаи ба комиссияи участкавии интихобот супурдани бюллетенҳо нигоҳ медорад.
Дар рӯзи овоздиҳӣ раиси комиссияи участкавии интихобот дар ҳузури аъзои комиссияи участкавии интихобот, мушоҳидон ва дигар шахсон пеш аз оғози овоздиҳӣ дар бораи шумораи интихобкунандагоне, ки пешакӣ овоз додаанд, маълумот дода, лифофаҳоеро, ки дар онҳо бюллетенҳои овоздиҳӣ ҷойгиранд ва рӯйхати интихобкунандагонеро, ки пешакӣ овоз додаанд, нишон медиҳад. Баъд аз ин лифофаро ба навбат бо риояи махфияти изҳори иродаи интихобкунандагон мекушояд ва бюллетенҳоро ба қуттии овоздиҳӣ мепартояд. Шумораи интихобкунандагоне, ки пешакӣ овоз додаанд, қабл аз овоздиҳӣ ба протокол дар бораи натиҷаи овоздиҳӣ сабт гардида, дар рӯйхати интихобкунандагоне, ки пешакӣ овоз додаанд, дар муқобили насаб, ном ва номи падари онҳо ишораи «Пешакӣ овоз додааст» гузошта мешавад. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки овоздиҳии пешакӣ дар интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ҷой надорад.
- Тибқи таҷрибаи роиҷ, бо мақсади мушоҳидаи интихобот мушоҳидони байналмилалӣ даъват мешаванд. Онҳо чӣ мақому ваколат доранд?
- Фаъолияти мушоҳидони байналмилалӣ баъд аз аккредитатсияи онҳо аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, пас аз эълон гардидани натиҷаи пешакии интихобот қатъ мегардад.
Мушоҳидони байналмилалӣ ҳуқуқ доранд, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар санадҳое, ки ҷараёни интихоботро танзим менамоянд, дастрас кунанд, бо ҳизбҳои сиёсие, ки дар интихобот ширкат доранд ва бо номзадҳои алоҳида вохӯрии расмӣ доир намоянд, дар участкаи интихоботӣ ва бинои овоздиҳӣ, аз ҷумла дар рӯзи овоздиҳӣ, ҳузур дошта бошанд ва ҷараёни овоздиҳӣ, ҳисоби овозҳо ва муайян намудани натиҷаи онҳоро, дар шароите ки ба мушоҳидаи ҳисоби бюллетенҳо имкон медиҳад, мушоҳида намоянд. Илова бар ин, онҳо ҳуқуқ доранд бо натиҷаи баррасии шикоятҳо (аризаҳо) ва эродҳо вобаста ба вайрон кардани қонунгузории интихобот шинос шуда, ба намояндагони комиссияҳои интихобот бе дахолат ба кори онҳо оид ба мушоҳидаҳои худ иттилоъ диҳанд.
Ҷанбаи муҳими фаъолияти мушоҳидони байналмилалӣ баъд аз ба анҷом расидани овоздиҳӣ изҳор намудани ақида оид ба интихобот ва пешниҳоди хулоса оид ба мушоҳидаи ҷараёни интихобот ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ маҳсуб мешавад. Дар ҳамин ҳол мушоҳидони байналмилалӣ ҳуқуқ надоранд, ҳангоме ки интихобкунанда дар бюллетенҳои интихобот қайдҳои худро мегузорад, дар ҳуҷраи овоздиҳӣ ҳозир бошанд, ба интихобкунандагон таъсир расонанд, ягон хел мавод ё адабиёти тарғиботиро паҳн намоянд, нисбат ба ҳизбҳои сиёсӣ, номзадҳо ба вакилӣ ё тартиби гузаронидани интихобот афзалиятеро баён намоянд, аз интихобкунандагон ба тарафдории кӣ овоз додани онҳоро пурсанд ва дар хулосаи худ аз ҳолатҳое, ки бо ҳуҷҷатҳо асоснок нагардидаанд ва қобили тафтиш нестанд, истифода баранд.
- Ҳизбҳои сиёсие, ки номзадҳои худро ба вакилӣ пешбарӣ намудаанд ва номзадҳое, ки ба вакилӣ ба тарзи худпешбарӣ пешниҳод шудаанд, бо тартиби муқарраргардида рӯйхати мушоҳидони миллиро барои бақайдгирӣ ба комиссияҳои ҳавзавии дахлдори интихобот пешниҳод менамоянд. Бигӯед, ки мушоҳидони миллӣ дорои кадом ҳуқуқҳо ҳастанд?
- Шинос шудан бо рӯйхати интихобкунандагон ва протоколҳои комиссияҳои участкавии интихобот оид ба натиҷаи овоздиҳӣ ва комиссияҳои ҳавзавии интихобот дар бораи натиҷаи интихобот, мушоҳида намудани супоридани бюллетенҳои овоздиҳӣ ба интихобкунандагон, шикоят намудан аз қарор ва амали (беамалии) комиссияи интихобот ба комиссияи болоии интихобот ё суд ва ҳузур доштан ҳангоми ҳисоби такрории овозҳои интихобкунандагон дар комиссияҳои дахлдори интихобот ҳуқуқҳои мушоҳидони миллӣ маҳсуб мешавад.
- Дар робита ба ин маъракаи сиёсӣ ҳуқуқи бевосита ва бавоситаи интихоботро ёдрас менамоянд. Шарҳу тавзеҳи ин масъала барои хонандагон ҷолибу муфид хоҳад буд.
- Ин масъала дар моддаи 6 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар шуда, тибқи он вакилони Маҷлиси намояндагон аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита интихоб карда мешаванд. Ҳуқуқи бавоситаи интихоб ба аъзои Маҷлиси миллӣ рабт дорад, ки аз тарафи вакилони мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ интихоб мешаванд.
- Номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ, ки рӯйхати номзадҳоро пешниҳод намудаанд, ҳуқуқ доранд шахсони боэътимод дошта бошанд. Дар навбати худ ин ашхос чӣ ҳуқуқу уҳдадорӣ доранд?
- Бақайдгирии шахсони боэътимод дар муддати се рӯз аз тарафи комиссияи интихобот, ки номзадро (рӯйхати номзадҳоро) ба қайд гирифтааст, дар асоси аризаи хаттии номзад, пешниҳоди ҳизби сиёсӣ ва аризаи шаҳрванд барои розигиаш дар бораи шахси боэътимод шудан сурат мегирад. Номзадҳо метавонанд то 5 нафар шахсони боэътимод ва ҳизбҳои сиёсие, ки рӯйхати номзадҳоро пешниҳод намудаанд, то 5 нафар шахсони боэътимод дошта бошанд. Аъзои комиссияҳои интихобот, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судяҳо, хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ, мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ наметавонанд шахсони боэътимод бошанд.
Шахсони боэътимоди номзадҳо ҳуқуқ доранд, ки бо ҳар шаклу усули қонунӣ барои интихоб шудани номзад (рӯйхати номзадҳо) ташвиқот баранд, дар маҷлисҳои пешазинтихоботӣ, вохӯрӣ бо интихобкунандагон баромад кунанд ва дар баҳсу мунозираҳои пешазинтихоботӣ иштирок намоянд, барои гузаронидани маҷлисҳои пешазинтихоботӣ ва вохӯриҳо бо интихобкунандагон аз кумаки мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот истифода баранд, дар маҷлисҳои комиссияҳои интихоботӣ иштирок кунанд аз қарору амалҳои комиссияи интихобот шикоят кунанд ва дар баррасии шикояту аризаҳо иштирок намоянд. Бояд мадди назар дошт, ки шахсони боэътимоди номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ ҳуқуқ надоранд ба кори комиссияҳои интихоботӣ мудохила намоянд.
- Дар арафаи интихобот нақши журналистон вобаста ба тарғибу ташвиқ барҷастатар мегардад. Дар ин раванд бояд кадом муқаррарот мадди назар бошад?
- Бояд гуфт, ки ба шаҳрвандон, номзадҳо, ҳизбҳои сиёсӣ дар давраи пеш аз интихобот бе мамониат ташвиқот бурдан шароит фароҳам аст. Шаҳрвандон, номзадҳо, ҳизбҳои сиёсӣ метавонанд бо шаклу усулҳои қонунӣ барои иштирок дар интихобот озодона ва ҳаматарафа ташвиқот баранд, барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо, сифатҳои сиёсӣ, корӣ, шахсии онҳо, ҳамчунин, барномаҳои пешазинтихоботии ҳизбҳои сиёсиро муҳокима намоянд, ба тарафдорӣ ё зидди ин ё он номзад дар маҷлисҳо ва воситаҳои ахбори омма ташвиқот баранд.
Ташвиқоти пешазинтихоботӣ тариқи воситаҳои ахбори омма, гузаронидани маъракаҳои оммавӣ, нашр ва паҳн намудани маводи чопии ташвиқотӣ ва дигар шаклҳое, ки Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар намудааст, сурат мегирад.
Дар ташвиқоти пеш аз интихобот аъзои комиссияҳои интихобот, иттиҳодияҳои динӣ, судяҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ, мушоҳидони байналмилалӣ иштирок карда наметавонанд. Ҳамчунин, дар ин раванд иштироки намояндагони давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд манъ аст.
Журналистон, дигар кормандони эҷодӣ, ҳамчунин, шахсони мансабдори идораҳои воситаҳои ахбори омма, ки онҳо номзад ва ё шахсони боэътимод мебошанд, наметавонанд дар инъикоси ҷараёни интихобот тариқи воситаҳои ахбори омма иштирок намоянд. Воситаҳои ахбори омма, ки дар маъракаҳои пешазинтихоботӣ иштирок менамоянд, ҳуқуқ надоранд ба нашри иттилооте, ки шаъну шараф ва обрӯю эътибори кории номзадро паст мезанад, роҳ диҳанд.
- Ба интихобкунандагон, ки яке аз субъектҳои асосии раванди интихобот мебошанд, чӣ гуфтанӣ доред?
- Ба интихобкунандагони гиромӣ муроҷиат намуда, даъват дорам, ки фаъолона, бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ, дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ширкат варзанд ва рӯзи 2 марти соли 2025 номзади арзандаю лоиқро интихоб намоянд.
- Барои суҳбати муҳим ташаккур.
Мусоҳиб Далер АБДУЛЛО,
«Садои мардум»