Аз нишастҳои матбуотӣ

Восеъ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзуд

№ 10.02.2025

20230207_122455Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ соли 2024 аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ ва мардони саховатпешаи ноҳия 74 иншооти таъиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шуд.

Ин нуктаро раиси ноҳияи Восеъ Ҷамшед Шарифзода дар нишасти матбуотӣ, зикр намуда гуфт, ки аз 408 иншооти нақшавӣ, то имрӯз 281 иншоот ба истифода дода шуд. Аз ҷумла, 241 иншоот аз тарафи соҳибкорон ва 40 иншоот аз ҳисоби лоиҳаҳо мебошад. Дар соли 2024-ум дар ноҳия 104 иншоот ба истифода дода шудааст.

Барои сохтмони хонаҳои баладошёнаи истиқоматӣ  20 қарор ба тасвиб расида, айни замон дар 8-тои он корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Зикр шуд, ки соли 2024 нақшаи қисми даромади буҷет ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 105,5 фоиз таъмин гардида, бақияпулиҳои қарзи андоз ба 1 декабри соли 2024-ум 17 миллиону 178 ҳазору 390 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали соли 2024-ум 513 ҳазору 420 сомонӣ кам гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 225 миллиону 341,7 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбати соли гузашта 39 миллиону 736,7 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 2 миллиарду 123 миллиону 808,9 ҳазор сомонӣ расидааст.

Соли 2024 аз тарафи кишоварзони ноҳия ба хориҷи кишвар 2680 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст. Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории ноҳия 57706 сар чорвои калони шохдор, аз ҷумла 31084 сар модагов, 131565 бузу гӯсфанд, 73693 парранда ва 1989 сар асп мавҷуд буда, дар ин давра 8618 тонна гӯшт, шир — 52802, пашм — 351, пилла — 4,2, 54 тонна асал, 121 тонна моҳӣ ва 7 миллиону 528,7 ҳазор дона тухм истеҳсол гардидааст.

 И. РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»