Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов Амир Иброҳимзода дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки соли 2024 нақшаи қабули довталабон 91,78 дарсад иҷро гардид. Дар он донишҷӯён аз рӯйи 4 ихтисос оид ба равияи омӯзгорӣ, мураббии соҳаи варзиш, сайёҳии кӯҳӣ ва равияи ғайриомӯзгорӣ таълим мегиранд.
Айни замон дар донишкада 46 донишҷӯи хориҷӣ таҳсил намуда, соли гузашта дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 собиқ дастпарварони донишкада Темур Раҳимов ва Давлат Болтаев соҳиби медалҳои олимпӣ гардиданд. Омӯзгори кафедраи якҳарба ва камонварии донишкада Миҷгона Саидова дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс дар шаҳри Хабаровски Федератсияи Россия сазовори медали нуқра гардид. Омӯзгори кафедраи намудҳои гӯштини донишкада Беҳрӯзи Хоҷазода дар мусобиқаи «Dushanbe Grand Slam-2024» дар вазни 74 кг ҷойи дуюм, донишҷӯи соли панҷуми факултети «Омодагии дифои ҳарбӣ» Муҳаммадсолеҳ Қувватов ҷои якумро соҳиб шуданд.
Бо қарори шурои олимони донишкада ба хатмкардаи собиқи донишкада Андрей Абдувалиев, ки шаъну эътибори Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардошта, қаҳрамони бозиҳои олимпӣ гаштааст, унвони фахрии «Профессори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов» дода шуд.
С. СУННАТӢ,
«Садои мардум»