Душанбеи дилорою гулбоғи мо рӯз ба рӯз рушду тараққӣ карда, бо азму талошҳои шабонарӯзии Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ боз ҳам шукуфон мегардад.
Аз ташвишу саргардониҳои ҳаррӯзаи масъулину мутасаддиёни мақомоти шаҳрӣ огаҳӣ доштам ва бо чашмони хеш медидам, ки чи қадар корҳои таъҷилӣ сари маҳал матраҳ гашта, оҷилан ба сомон мерасиданд. Ҳатто дар кучактарин масоили мавҷуда — маркази шаҳрро худсарона убур кардани мошинҳои гаронвазн, резонидани ҳар гуна ашёву шағал рӯи ҷодаю шоҳроҳҳо, пайдо шудани худравҳои ифлосу ношуста ба таври хеле ҷиддӣ пайгирӣ мегашт. Пайваста амалӣ гардидани ин иқдом ва мунтазам ислоҳ сохтани ин мушкилиҳо тамбашавии доимии нақлиётро дар баъзе аз қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои пойтахт то ҷойе бартараф менамуд.
Маврид ба зикри хос аст, ки чанд соли охир маҳз бо саъю кӯшишҳои дурбинонаю ғамхоронаи Раиси муҳтарами шаҳр Рустами Эмомалӣ эстакадаҳо ва ё роҳҳои дуқабатаю сеқабата дар пойтахт бунёд гашт, вале чи ҷои баҳсу мунозира аст, ки даҳсолаи охир теъдоди нақлиёт дар ҷумҳурӣ аз меъёри мавҷуда хеле зиёд шудааст.
Иқдоми хуби дигар, ки бо ибтикори бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ вусъат гирифта, комилан дар амал татбиқ гардид, ин аст, ки қисматҳои роҳҳо дар пойтахт васеъ карда шуда, барои худравҳои сабукрав садҳо таваққуфгоҳи хурду бузург сохта шуданд.
Хушхабари тозатарин дар ин ҳошия дар оянда бунёд гардидани метро дар шаҳри Душанбе мебошад, ки дар қалби ҳар як нафаре аз мо — аҳли қалам низ фараҳу нишоти махсусеро илқо сохт. Инчунин, иттилои расмӣ пахш гардид, ки метро дар шаҳри Душанбе тахминан аз се хат иборат буда, аслан аз минтақаи назди бинои Сирки тоҷик ибтидо мегирад. Яъне, нақшаи дурнамои хатсайрҳои зеризаминии метрои пойтахт дар маҷмуъ: истгоҳҳои Сирк, Ипподром, Қасри миллат, Маҷмаи “Истиқлол”, Боғи ботаникӣ, Корхонаи сементи тоҷик; Муҷассамаи Ғалаба, Садбарг, кӯчаи Айнӣ, Душанбе — 1, Фурудгоҳ; Маркази саломатӣ, кӯчаи Қаротегин, километри 9-ум; Кумитаи андоз, Саховат, Корвонро ташкил хоҳад дод. Ба ҳар минвол, дар марҳилаи аввал нақшаи сохтмони хати метро аз Сирки давлатӣ то дарвозаҳои ҷанубӣ, шимолӣ ва шарқии пойтахт тӯл мекашад.
Набояд фаромӯш намоем, ки дар шаҳри Душанбе бо мурури афзоиши аҳолӣ ва теъдоди зиёди худравҳо танбашавии воситаҳои нақлиёт ба яке аз мушкили асосии таъмини ҳаракати бемамониати нақлиёт табдил ёфта, вазъи мавҷударо торафт печидаю мураккабтар мегардонад.
Вале итминони комил дорем, ки дар наздиктарин муҳлат кулли ин мушкилиҳо комилан ислоҳ гардида, нақшаҳои пешбинишуда ба пуррагӣ амалӣ ва дар шаҳри Душанбе роҳҳои нави дуқабатаю сеқабата ва метро бунёд мегардад.
Ш. ҲУСЕЙНЗОДА,
“Садои мардум”