Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди «Душанбе – Чанок» дар яке аз қитъаҳои роҳи автомобилгарди дорои аҳамияти байналмилалии «Душанбе-Кӯлоб-Кулма» нуқтаи боркашониро бо таҷҳизоти вазнченкунии динамикии муосир муҷаҳҳаз гардонид.
Нуқтаи боркашонӣ дар километри 190+300-и ин шоҳроҳ, дар қитъаи воқеъ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ҷойгир буда, бо ҷалби сармояи хориҷӣ бо таҷҳизоти вазнченкунии динамикии муосири истеҳсоли Чин — ZCS-30 (SCS/ZCS) муҷаҳҳаз гардонида, он ба шабакаи назорати рақамии Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт»-и Вазорати нақлиёт пайваст гардидааст. Низоми нави вазнченкунӣ бо сенсорҳои рақамӣ имкон медиҳад, ки вазни воситаи нақлиёт ҳангоми ҳаракати он чен карда шавад ва ягон мошини боркаш бе назорат намонад.
Тибқи нақшаи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, соли 2025 дар нуқтаҳои боркашонӣ дар ду даромадгоҳи шаҳри Душанбе (яке аз самти «Бохтар-Душанбе», дигаре аз самти «Турсунзода-Душанбе»), инчунин, дар километи 92-юми роҳи «Конибодом-Деҳмой» (мавзеи Шаббода), километри 33,600-уми роҳи «Душанбе-Кулма» (шаҳри Ваҳдат), километри 22-юми роҳи «Душанбе-Турсунзода» (шаҳри Ҳисор), километри 12-уми роҳи «Душанбе-ноҳияи Рӯдакӣ-Ёвон» (мавзеи Султонобод) ва километри 322+5-уми роҳи «Душанбе-Чанок» (шаҳри Истиқлол) таҷҳизоти вазнченкунии муосири ZCS-30 насбу васл карда мешаванд.
Ф. АБДУЛҲАКИМОВА,
«Садои мардум»