Зиёд намудани хатсайрҳои парвоз байни Тоҷикистон ва Чин

№ 12.03.2025

11-уми марти соли равон Ҳабибулло Назарзода, директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин Тсзи Шумин вохӯрӣ намуд. Дар мулоқот зиёд намудани хатсайрҳо, кушодани парвозҳои мустақим байни пойтахтҳои ҳар ду давлат ва рушд додани соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ гардид.

Тсзи Шумин иброз дошт, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин нақша дорад бо мақсади рушди сайёҳии ҳар ду давлат парвозҳои мустақимро тавассути дигар фурудгоҳҳои кишвар низ амалӣ намояд.

Ёдрас мешавем, ки айни ҳол дар масири Душанбе-Урумчӣ парвози мустақим анҷом дода мешавад.

Г. РАҲМОНОВА,

«Садои мардум»