Худшиносии миллӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои олӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷа ва муқаддаси ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб меравад. Аз ин хотир, таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ин самт равона гашта, сиёсати маорифпарварона меҳвар аст. Самараи таваҷҷуҳи хосаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки марҳила ба марҳила соҳаи маориф босуръат рушд ёфта, кадрҳои ба бозори меҳнат ҷавобгӯ омода мешаванд. Бегуфтугӯ, саҳми донишгоҳу донишкадаҳо дар таълиму тарбияи насли ҷавон ва омодасозии мутахассисон ниҳоят бузург аст.
Барои мисол, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 20 ҳазор донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба таълиму тарбияи онҳо беш аз ҳазору дусад омӯзгор машғуланд.
Бедор намудани ҳисси худшиносӣ, ҳувияти миллӣ ва тарбия намудани насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ба он хотир аст, ки ҷавонон зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи ақидаҳои созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва равияҳои тундгаро нагарданд. Бо ин мақсад дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, алайҳи бегонапарастӣ ва пешгирии пайравӣ ба мафкураҳои ифротгарову террористӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудааст.
Худшиносӣ аз давроне, ки ҷомеаи инсонӣ ба шакли муайян даромад ва эҳтиёҷ ба назму тартиби муносиботи иҷтимоӣ ба миён омад, ба масъалаи аввалдараҷаи дар ташаккули шахсият ва таҳаввули миллату давлат табдил ёфт. Тибқи устураҳои Юнони бостон, дар ибодатгоҳи ҳамон замонҳо маъруфи Делф бо хатти заррин навишта буданд, ки «Худро бишнос!». Ин ҷумлаи амриро, ки ба яке аз ҳафт ҳакими машҳури Юнонзамин нисбат медиҳанд, уламои баъдӣ шарҳу тафсири зиёд додаанд. Дар ин маврид адиб ва мутафаккири бузурги рус Лев Толстой барҳақ гуфтааст: «Бузургтарин дониш худшиносист. То худро нашиносӣ, Офаридгоратро нахоҳӣ шинохт».
Аммо сарчашмаи ҳама гуна донишу фазл ақл аст ва дар ин маврид паёмбар Муҳаммад (с.а.с.) «ақли комил»-ро асоси хештаншиносӣ фармудааст. Дар ин хусус ҳадиси саҳеҳе низ боқист: «Ақл ба се қисмат аст, ҳар кӣ ҳамаро дорад, ақлаш комил ва ҳар кӣ ҳеҷ якро надорад, бехирад аст, ақли комил – худро дуруст шинохтан, хуб итоат кардан ва сабри неку дар анҷоми вазифа аст». Аз ин хулоса мешавад, ки худшиносӣ аввалин нишонаи ақл аст. Ҳамин гуна мавқеъгирӣ ва хулосаро дар фалсафаи Юнони қадим ва Аврупои асримиёнагӣ, дар масеҳияту таълимоти Конфутсий ва ҳатто дар таълимоти марксизм низ дидан мумкин аст. Карл Маркс гуфта буд, ки «худшиносӣ шарти аввалини хирадмандист». Бузургони адабу фарҳанг низ ба ин масъала аз паҳлуҳои гуногун дахл кардаанд ва анқариб хулоса як аст: инсон танҳо дар зиндагии иҷтимоӣ касби камол мекунад ва роҳи камолот аз тарбияти ақл шурӯъ мешавад, ки масолеҳаш илму дониш аст.
Дар ҳадиси дигар омадааст, ки «мардум ду дастаанд: донишманд ва доништалаб, дигарон чун пашшаанд, хайре дар вуҷудашон нест». Яъне онҳое, ки дониш доранд ва ё дар талаби донишанд, метавонанд хайре ба худу ҷомеа расонанд ва хайр аз дониш ҳосил мешавад.
Худшиносӣ ба адабу маънавият низ решапайванд аст, аммо ин ҳар дуро сарчашма боз ҳам худҷӯӣ ва ниҳояти мавқеи худро шинохтан аст. Доиман аз ғафлат дур будан шарти асосии расидан ба худшиносист, зеро инсони ғофил мушобеҳи ҳайвонест, ки ғайр аз хӯру нӯш ихтиёр ва фаъолияти дигаре надорад. Ба қавли Бедил:
Гову хар аз тарбият инсон намегардад, вале
Одамӣ гар як даме ғофил шавад, хар мешавад.
Ҳар шахс бояд донад, ки моҳияти ҳастии ӯ чист ва дар зиндагӣ чӣ нақшу мақом дорад. Ҳамчунин маърифати дигарон ва муҳит барои худшиносии ӯ заминаи васеътаре фароҳам меорад. Шинохти муҳит пайваста инсонро ба маърифати ҷомеа ва миллату давлат роҳнамоӣ мекунад.
Бояд ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ барои абадӣ пойдор будани сулҳу ваҳдат дар ҷомеа ва истиқлолият дар Ватани азизамон саҳмгузор бошад. Дар замоне ки гурӯҳҳои ифротгаро кӯшиш доранд ҷавононро барои амалӣ намудани мақсадҳои нопокашон истифода кунанд, вазифаи аввалиндараҷа аз даст надодани зиракии сиёсӣ мебошад.
Дар робита ба ин масъала Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми телевизиониашон ба муносибати Рӯзи парчам барҳақ фармуданд: «Дар замири ҳар як фарди ҷомеа тарбия кардан ва таҳкиму тақвият бахшидани ҳисси баланди ватандӯстиву ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои маънавӣ ва муқаддасоти миллӣ яке аз омилҳои муҳими пойдории давлати соҳибистиқлол мебошад».
Ҳафиз РАҲМОН, устоди ДМТ