Чанде пеш бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», дар майдони Регистони Қалъаи Ҳисор чорабинии бошукӯҳ таҳти унвони «Бозори ҳунармандон» баргузор гардид, ки дар он намояндагон аз шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода ва ноҳияҳои Варзоб, Рӯдакӣ, Шаҳринав маҳсули дастонашонро ба маъраз гузоштанд.
Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода зимни суханронӣ гуфт, мо бояд, пеш аз ҳама, шукронаи Истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва Сарвари дилсӯз, оқилу доно муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро кунем, ки маҳз бо ҷаҳду талошҳои ӯ тавонистем таъриху фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.
Зикр гардид, ки имрӯз дар шаҳри Ҳисор 423 ҳунарманд ба қайд гирифта шудааст. Дар ин ҷо, дар маҷмӯъ, 30 дастгоҳи қолинбофӣ, 16 дастгоҳи адрасбофӣ, маркази қуроқдӯзӣ фаъолият дорад ва 387 сокини шаҳр дар назди шуъбаи Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, 80 нафар дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва 8 нафар дар Литсейи касбӣ-техникӣ қолинбофӣ ва адрасбофиро омӯхтаанд.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода иброз дошт, ки мақсад аз ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва ба фурӯш баровардани маҳсули ҳунармандон аст. Бозори зикршуда рӯзҳои якшанбеи ҳар ҳафта ташкил мешавад.
Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2018 ба Қалъаи Ҳисор 38374 меҳмону сайёҳ ташриф овардаанд, ки 7983 нафарашон сайёҳони хориҷӣ мебошанд. Дар нуҳ моҳи соли 2019 аз Қалъаи Ҳисор 27442 сайёҳи дохиливу хориҷӣ дидан кардаанд, ки аз ин шумора 6479 нафарашонро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд.
Дар фарҷом ҳунармандоне, ки дар рушд ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ саҳми муносиб гузоштаанд, бо сипосномаҳои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»