ВМКБ. Баррасии масъалаи истифодаи ғайриқонунии барқ

№:59 (4955) 14 май 2025, 09:05
5

Дар машварати назди раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот масъалаи татбиқи амалии нишондодҳои нави қонунгузории кишвар оид ба муқаррар намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва напардохтани маблағи он баррасӣ шуд.

Зикр гардид, ки дуюми апрели соли равон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки бо мақсади пурзӯр намудани ҷавобгарии шахсони воқеӣ, мансабдор ва ҳуқуқӣ барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ таҳия гардидаанд, қабул намуд.

15-уми апрели соли равон Роҳбари давлат баробари дигар қонунҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо гузоштанд. Мақсади асосии ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои мазкур пешгирии дахолати беасос ба таҷҳизоти ҳисоби неруи барқ ва вайронкуниҳои қоидаву меъёрҳои истифодаи қувваи барқ аст.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: