Ҳифзи иҷтимоии маъюбон - самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ

№:59 (4955) 14 май 2025, 08:56
2

 

 8-уми майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ дар мавзуи «Ҳифзи иҷтимоии маъюбон - самти афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мизи мудаввар баргузор шуд.

Иброз гардид, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маъюбони кишвар зери ғамхории бевоситаи давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор доранд.

- Бо мақсади беҳтар намудани шароити иҷтимоии маъюбон таҳия ва қабул шудани як қатор қонунҳои миллӣ, консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатии соҳавӣ, марҳила ба марҳила муқаррар гардидани имтиёзҳо ба маъюбон, расонидани кумакҳои иҷтимоӣ ба ин табақаи ҷомеа аз таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ва ғамхории доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад,- таъкид намуд Мавсума Муинӣ. 

Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид буда, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои маъюбон ва таъминоти иҷтимоии онҳоро эътироф намуда, дар самти амалинамоии онҳо тадбирҳои мушаххас меандешад.

М. СУЛТОНОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Н. АЛИЕВ

Ҳамчунин дигар маводҳо: