Армуғон

Туҳфаи муносиб ба ҷашни наврӯз

№11 (3491) 26.01.2016

Соле қабл дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт бо раиси ҳамонвақтаи ҷамоати шаҳраки Шайдон Зайниддин Муҳаммадиев суҳбат доштам. Дар ҷараёни суҳбат  иттилоъ гирифтам, ки дар боғи марказии фарҳангу истироҳати ноҳия, ки номи ҳунарманди зиндаёд  Маҳмудҷон Воҳидовро дорад, ду иншоот — кохи фарҳанг ва чойхона бунёд шуда истодааст. Кохи фарҳанг бо   маблағгузории Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва чойхона бо дастгирии Иттифоқи «Тоҷикматлубот» сохта мешавад.

Бино ба гуфтаи раиси ҶДММ «СМС» (шаҳри Хуҷанд) Мирҳаким Тағоев, ки масъулияти сохтмони ин иншоотро ба уҳда дошт, он рӯзҳо дар сохтмон 15 нафар бинокорон кор мекарданд. Чойхона дар як мавзеи барҳавои боғ қомат меафрохт ва кор дар қисми таҳхонаву ошёнаи якуми бино ба анҷом буд.

Мутаассифона, сохтмони ин иншооти қариб анҷомёфта бо баъзе сабабҳо тӯл мекашид. Чанде пеш огоҳӣ ёфтам, ки сохтмони чойхона аз нав суръат гирифта, қариб ба анҷом расидааст ва дар рӯзҳои таҷлили Иди Наврӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

- Ба суръатбахшӣ ва анҷоми сохтмони ин иншоот асосан ташрифи раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ сабаб шуд,- хушҳолона хабар расонд раиси раёсати ҷамъияти матлуботи ноҳияи Ашт Нодир Нурматов ва афзуд, ки ба шарофати дастгирии раиси вилоят сохтмони чойхонаи миллӣ ба наздикӣ хотима меёбад.

Сохтмони ин иншоот дар давраи сарварии собиқ раиси раёсати «Тоҷикматлубот» С.Ҳ. Валиев оғоз шуда буд, бо дастгирии раиси имрӯзаи Раёсати «Тоҷикматлубот» Ҳ. Идиев ба анҷом хоҳад расид.

Ҳ. НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»