Зумрат Лоиқова: «Бонувони раштӣ бо либоси миллӣ ифтихор доранд»

№44 (3681) 25.04.2017

1Дар ноҳияи Рашт ҷиҳати пешгирии гароиш ба фарҳанги бегона  ва тарғиби либоси миллӣ нишасту вохӯриҳои аҳли зиё ва намояндагони мақомоти дахлдор бо ҷавонон мунтазам  баргузор мешаванд. Ҳамчунин, бо саъю талоши Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт эҳёи ҳунарҳои миллӣ дар байни занону духтарони деҳот, аз қабили дӯхтани либосҳои миллии қадима ва пухтани баъзе аз таомҳои азбайнрафта, ривоҷ меёбад.

Муовини раиси ноҳия Зумрат Лоиқова зимни суҳбат ба хабарнигори «Садои мардум»  андешаҳояшро дар ин маврид чунин иброз намуд:

- Дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми зан хеле боло рафт. Боиси хушнудист, ки саҳми занони кишвар дар ҳама соҳа баръалост. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳояшонро нисбат ба занони мамлакат хеле равшан иброз намуданд: «Имрӯз бонувон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ қисми зиёди кормандонро ташкил карда, аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 23 фоизро занон ташкил медиҳанд. Зарур аст, ки дар оянда дар муассисаҳои низоми бонкӣ, хадамоти алоқа, шуғл ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ бештар занону духтарон ба кор ҷалб карда шаванд. Мувофиқи мақсад аст, ки барои дастгирии занону духтарон дар зинаҳои гуногун квота ва имтиёзҳо муқаррар намоем ва чунин иқдом яке аз роҳҳои таъмин намудани баробарҳуқуқии занону мардон мебошад».

Ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат занонро водор месозад, ки барои тарбияи фарзанд ва саҳмгузорӣ дар пешрафти кишвар кӯшиши бештар намоянд.

Як масъалаи муҳим эҳё ва ҳифзи сарулибоси миллӣ мебошад. Сарулибос натиҷаи тафаккури инсон тӯли ҳазорон сол аст. Ҷойи таассуф аст, ки бархе аз ҳаммиллатон рӯ ба бегонапарастӣ оварда, сарулибоси зебои тоҷикиро ба сарулибоси бегона иваз менамоянд. Аз дигар миллатҳо беҳтарин чизро гирифтан ва ба онҳо шаклу хусусиятҳои миллӣ додан дигар аст, вале пайравии кӯр — кӯрона баманфиат нест. Агар баъзе занҳо либоси сиёҳи бегонаро аз рӯи ҳавову ҳавас пӯшанд, бешак, тарғибгаронашон ҳадафи худро доранд, ки аз ҷониби паҳнкунандагони ақоиди бегона супориш мегиранд. Ин гурӯҳҳо танҳо як мақсад доранд: аз байн бурдани суннатҳои миллии мо.

Ин раванд хеле ташвишовар аст ва беҳуда нест, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бахшида ба Рӯзи Модар ин нуктаро зикр карданд: «Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сарулибос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад».

Мехоҳам хотиррасон намоям, ки сокинони Раштонзамин бо либоси миллии аз ниёгон меросмонда дар маъракаҳо ҳозир мешуданд. Олими рус К. Абрамов соли 1969 дар хотираҳояш навишта буд: «Дар байни аҳолии Қаротегин бисёр­занӣ кам ба чашм мерасад. Занҳо рӯйи худро аз мардҳо намепӯшанд ва озодона ба ҷамъияти мардҳо меоянд».

Боиси хурсандист, ки имрӯз занону духтарони раштӣ аз сарулибоси миллӣ ифтихор доранд.

Падару модар, зиёиён бояд дар ин масъала бетарафӣ ихтиёр накунанд ва ба насли наврас оид ба фарҳанги миллӣ, аз ҷумла тарзи истифодаи сарулибос, суҳбатҳои ҳамешагӣ дошта бошанду пеши роҳи ҳар гуна рафтори номатлубро гиранд.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»