Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад солҳост дар дунёи адабиёт заҳмат мекашад ва бо асарҳои «Баъд аз сари падар», «Паррончакҳо», «Шохи чинор», «Аспи бобом», «Пиёлаи шикаста», «Косаи давр»… «Гардиши девбод» ба дили ҳаводорони каломи бадеъ роҳ ёфтааст. Ӯ на танҳо аз рӯзгори мардум менависад, балки ормонҳои миллӣ, ҳувияту худшиносӣ ва эҳсоси ватанхоҳиву ватанпарастии халқро мӯшикофона ба қалам медиҳад.
Шахсияташ намунаи барҷастаи зиёии тоҷик буда, симои нуронӣ, чеҳраи боз ва тамкини хоси ӯ ибратомӯзу омӯзанда аст. Доир ба рӯзгору осор ва ҷойгоҳу нақши адабиёт дар ҷомеа бо ӯ суҳбате доштем, ки фишурдаи он пешкаш мегардад.
- Ҳар як инсон, новобаста аз он ки чӣ касбу кор дорад, даврони орзупарвари бачагиро аз сар мегузаронад. Шумо дар деҳа ба дунё омадед, дар миёни мардуми озода калон шудед. Аз он давра чӣ хотирот доред?
- Деҳаи мо Шикоргаҳ ном дорад. Дар Ховалинг миёни кӯҳҳо ҷой гирифтааст, лекин мо соли 1953 аз он ҷо кӯчидем, ба таҳдашт, деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ омадем. Даврони бачагиям дар байни пахтазору боғу роғ сипарӣ шуд, миёни мардуме, ки аз минтақаҳои кӯҳистон омада буданд ва деҳи калонеро ташкил карданд. Ҳозир дар Кадучӣ чор мактаб аст. Он солҳо якто буд.
Дар он ҷое ки падару модарам сарпаноҳ сохтанд, ба сабзавоткорӣ машғул будем. Дар хонаи мо коргар набуд, падару модарам пир буданд, синфи шаш мехондам, ки узви колхоз шудам. Рӯз қатори мардум кор ва шаб посбонҳоеро, ки полизбонӣ мекарданд ҳамроҳӣ менамудам. Рӯзгори аҷибу рангине доштем.
- Орзуҳое, ки ба инсон болу пар мебахшанд, дар замони бачагӣ шакл мегиранд. Шояд меҳри адабиёт дар дили шумо аз ҳамон давра пайдо шуд?
- Қатори мардум кор мекардаму ҳамеша китоб ҳамроҳам буд. Себу ангур ё помидор мечидему дар лаҳзаҳои фароғат ғарқи хондан мешудам. Дигар ин ки одамони хушлаҳҷа афсонаву қиссаҳои бисёр медонистанд. Он замон телевизор набуд, шабҳои дароз ману ҳамсолонам ба нақлу ривоят, қиссаву афсонаҳои онҳо гӯш медодем. Аз ҷониби дигар, то замоне ки мо мактабхон шудем, деҳаи Кадучӣ ду шоири ҷавони умедбахш дошт. Ғоиб Сафарзода ва Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, ки яке дар Донишгоҳи давлатӣ ва дигаре дар Донишкадаи омӯзгорӣ таҳсил мекарданд. Шеърҳояшон дар матбуот чоп мешуд, аз тариқи радио садо медод. Гоҳе омада меҳмони мо мешуданд. Ба назар аҷаб олуфта метофтанд. Ҳамсабақҳояшонро, ки ба шеъру шоирӣ алоқа доштанд, бо худ меоварданд. Пиримқул Сатторӣ, Одина Мирак, Раҷаб Мардон аз ҷумлаи онҳо буданд. Боҳарорат суҳбат мекарданд. Меҳри сухан, оянда мисли онҳо навиштан дар дили мо ҷо мешуд.
Рӯзномаҳои «Ҳақиқати Кӯлоб», «Пионери Тоҷикистон» ва маҷаллаи «Машъал»-ро пайваста мехондем. Ҳар ташаббусе, ки аз ҷониби хонандаҳо мешуд, ҳар маҳфиле, ки дар мактаб доир мегашт хабари онро менавиштем. Ба дараҷае бисёр менавиштем, ки баъзан як хабар бо имзои чанд кас мебаромад.
Омӯзгорони сахтгиру ғамхоре доштем. Муаллими мактабамон шодравон Абдумаҷид Абдулхайров маҷаллаи «Садои Шарқ»-ро оварда, ба мо медод, ки достонҳои Низомӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигар бузургони адабиётро хонем, азёд кунем, мазмунашонро ба хотир биспорем.
- Ниҳоят, ба Душанбе омадед, донишҷӯ шудед.
- Бале, орзуҳо маро ба Донишкадаи омӯзгорӣ овард. Дар он ҷо устодони забардасти фанҳои забон ва адабиёт Носирҷон Маъсумӣ, Абдуғанӣ Эшонҷонов, Холиқ Мирзозода, Исматуллоев, Бобокалонова дарс мегуфтанд. Ҳар супорише, ки медоданд, иҷро мекардем, аз гуфтаҳояшон берун намебаромадем, кӯшиш мекардем коре кунем, ки қаноатманд бошанд.
Муаллим Носирҷон Маъсумӣ одати сахтгирӣ надоштанд, вале эҳтиромашон бузург буд. 75 нафар дар синфхона менишастем, дарс чунон хомӯш мегузашт, ки ба қавле, пар задани пашаро мешунидем.
Тилло Пӯлодӣ ҳам устоди мо буданд, аз адабиёти шифоҳии мардумӣ дарс медоданд. Он кас моро ба ҷодаи адабиёт ҳидоят мекарданд.
Дар ҳамон замон рӯзномаи «Педагоги ҷавон» (ҳоло «Омӯзгори ҷавон») дар ҳаҷми ду саҳифа чоп мешуд ва он майдони мо буд. Яке шеърашро чоп мекард, дигаре таронаву суруд, ман лавҳаву ҳикоя менавиштам.
Дар курси чорум мехондам, ки маро ба рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» ба кор даъват карданд. Он ҷо бароям донишгоҳи дигаре шуд. Суҳбатҳои Ғоиб Сафарзода, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Асадулло Саъдуллоев, Салимшо Ҳалимшо бароям дарс буд.
- Аз замони донишҷӯйӣ ёдрас шудед, қиссаи «Паррончакҳо» ёдам омад. Ин асар то чӣ андоза ба ҳаёти донишҷӯии шумо рабт дорад?
- «Паррончакҳо» қиссаи дуюми ман аст. Бисёр ҷузъиёт ва рангҳо аз ҳаёти донишҷӯӣ мебошад. Масъалаҳои ахлоқиеро фаро мегирад, ки ҷавонони ҳамон давра, муҳити ҳамон давраро ба андешаву ба ташвиш меовард. Албатта, он замонро бо имрӯз муқоиса карда намешавад. Андешаву ҷаҳишҳое дар тафаккур ва ҷомеа ба вуҷуд омадааст, ки парончакҳои он замон аз паррончакҳои ҳозира фарқ доранд. Масъала ҳамон аст, вале ҳолати иҷтимоӣ тамоман дигар. Он ҷавонҳо ҳоло дар назар фаришта менамоянд. Дар он замон талоши бачаҳо бештар барои омӯхтан, аз худ кардан буд. Аз эроди дигарон андеша мекарданд. Бадгӯиву фаҳшгӯие, ки имрӯз дар кӯча мешунавед, набуд. Мо бештар дар бораи асолати миллӣ фикр мекардем.
Дар шаҳр 17 фоиз мардуми таҳҷоӣ зиндагӣ мекарданд, ба ин ҳисоб донишҷӯҳо низ дохил мешуданд. Ҳамин хел замоне буд, ки агар дар кӯча ягон ришсафедро медидӣ, дилат кушода мешуд. Умуман, «Паррончакҳо» дар асоси армонҳои миллӣ навишта шудааст.
- То чӣ андоза касби рӯзноманигорӣ ба эҷоди асарҳоятон таъсир гузошт?
- Рӯзноманигорӣ ба кори нависандагии ман таъсири бузург расонд. Қариб даҳ сол дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» кор кардам. Дар муҳити мӯйсафедҳо — рӯзноманигороне, ки бештарашон сарбози ҷанг буданд. Онҳое, ки пастиву баландиро дида, талхиву ширинии ҳаётро чашидаанду бо заҳмат ба ҷое расидаанд. Тавассути онҳо дарк кардам, ки он чизе дар донишкада хондем, кифоя нест. Бояд мутолиа васеъ бошад.
Ман аз онҳое миннатдорам, ки имрӯз дар қайди ҳаёт нестанд, вале бо рафтор, кор ва масъулиятшиносӣ ба мо дарси ибрат доданд. Таъкид мекарданд, ки ҷое рафтед, бо деҳқоне, раиси колхозе, вазире суҳбат кардед, фаромӯш насозед, ки корманди рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» ҳастед. Агар ин масъулиятро аз ёд бароред, ба ҳар роҳ рафтанат мумкин аст.
- Шумо дар мактаби бузурги адабиёт аз кӣ бештар таъсир пазируфтед, кадом устодон шуморо ҳидоят карданд?
- Навиштаҳои нахустинам дар рӯзномаҳои «Тоҷикистони советӣ», «Комсомоли Тоҷикистон» чоп мешуданд. Нависандаи ҷавон ду-се ҳикоя ё як китоб чоп кард мехоҳад ӯро шиносанд. Ин як кори табиӣ аст. Мо ҳам ҳамин хел будем.
Соли 1976 дар Пленуми Иттифоқи нависандагон, ки ба фаъолияти адибони ҷавон бахшида шуд, муаллим Фазлиддин Муҳаммадиев гуфтанд, ки аз номи ҷавонон гап занам. Ҳамон 5-10 дақиқае, ки ман дар ҳузури устодон М. Турсунзода, С. Улуғзода, Ҷ. Икромӣ, Ф. Муҳаммадиев, Боқӣ Раҳимзода, М. Миршакар сухан гуфтам аз чор соли дар донишкада хонданам ҳам сахттар буд. Ана, ҳамон сухангӯӣ тақдири маро ба адабиёт пайваст. Баъди чанде устод М. Турсунзода иҷозати ба маҷаллаи «Садои Шарқ» ба кор даъват карданро доданд. Аз ҳамон сол ба деги адабиёт афтидам ва то ба нафақа баромадан кор кардам.
Маҳмуди Давлатободӣ мегӯяд, ки нависанда бояд аз ҳама омӯзад, ҳатто аз пинадӯз ҳам. Дар Иттифоқи нависандагон аз коркуни одӣ то раис ба мо таъсир мерасонд. Он вақт он ҷо Фотеҳ Ниёзӣ, М. Миршакар, Ҷ. Икромӣ, Лоиқ, М. Қаноат… кор мекарданд.
Фазлиддин Муҳаммадиев мудири бахши наср буданд, мо зери назари он кас фаъолият мекардем ва ман дар ҷаласаҳо котиб будам. Ҳамроҳи Саттор Турсун, Муҳиддин Хоҷазод, Юсуфҷон Акобиров, Убайд Раҷаб, Лоиқ кор кардан ба ман бисёр чиз дод.
Эҷодиёт кори шахсии ҳар кас аст. Ягон кас аз номи каси дигар асар наменависад. Инсон бо заҳмат номдор мешавад.
- Шумо дар асарҳоятон чеҳраҳои зиёд офаридед, мисли рассом. Нависанда чӣ гуна метавонад зиёд характеру хислат офарад?
- Рассом дар ҳоле муваффақ мешавад, ки хӯву хислати миллаташро донад ва рангҳои диёрашро шиносад. Барои нависанда, пеш аз ҳама, шинохти хулқу атвор, ҳадафи зиндагии мардум, ирода ва ифтихори миллӣ зарур аст. Он чизе, ки менависад, агар рӯҳи миллӣ надошта бошад, имрӯз ҳаст, фардо нест. Барои чӣ сол то сол қадри устод Айнӣ ва осораш баланд меравад ё С. Улуғзода? Барои он ки С. Улуғзода дар тасвири бадеии таърихи миллат идомаи Айнӣ аст. С. Улуғзода бо роҳу равиши дигар таҳқиқи бадеӣ кард. Ҳам дар романи «Восеъ», ҳам дар «Ривояти суғдӣ» дарду армонҳои миллиро навишт.
Ман Муҳаммадиевро барои чӣ гаштаву баргашта варақ мезанам ё барои чӣ шеъри Лоиқро қариб ҳар рӯз мехонам?! Барои он ки армонҳои миллии моро аз ҳама зиёдтар таҷассум карданд. Устод Муъмин Қаноат дар достонҳои «Гаҳвораи Сино», «Сурӯши Сталинград», «Ситораи Исмат» ҳушмандона дар ин бора ишора намуданд, лекин устод Лоиқ сӯхт, шуълаи сӯзони муҳаббатро ба миллат дар ҷонаш ҳис кард. Устод Айнӣ ҳама чизро барои мо муҳайё сохт, аз гузашта то имрӯз, фоҷиаҳои миллиро гуфт.
Ман аз худшиносии ҷавонони солҳои шастуми асри гузашта навиштам. Дар бораи ҳатто муштзӯре, ки дар назари дигарҳо каҷрафтор аст, лекин ифтихори миллӣ дорад. Вақте бо чашмаш мебинад, ки дар пойтахт ӯ ҳоким нест, бегонагон ҳокиманд, ҷонаш оташ мегирад. Он замон ин гапҳоро гуфтан мумкин набуд, лекин имрӯз адабиёт бисёр зариф ва нозукона бояд бигӯяд.
Ҷавонон шабу рӯз дар кӯчаҳои шаҳр мегарданд, гап ба гӯшашон намедарояд. Падару модар мошинҳои гаронбаҳоро ба онҳо муфт додаанд, бо рафтору амалашон ихлоси мардумро мегардонанд. Ин аз он аст, ки на тарбияи миллӣ доранд, на армони миллӣ ва на шарафи миллатро фикр мекунанд.
- Чун аз ҷабри таърих суҳбат кардед, мехоҳам бигӯям, ки романи «Гардиши девбод»-и шумо се давраи таърихро фаро мегирад. Давраи аввал ҳам бо фоҷиа ҳамроҳ аст, давраи дувуму севум ҳам. Оё ин фоҷиа андар фоҷиа сарнавишти азалии мардуми мост?
- Бале, ин сарнавишти миллати мост. Дар асри бист чӣ қадар фоҷиаҳои мудҳишро аз сар гузарондем. Шаҳрҳое, ки ҳазорон сол ифтихори тамаддуни мо буданд, аз даст рафтанд. Хайрият инқилоб шуд, вагарна он раванде, ки дар давраи Манғития ба вуҷуд омад, ҳамаро пахш карда, махлут сохта, то Бадахшон мерафт.
Чаро устод Айнӣ аз Бухоро асозанон омад? Чаро аз паи устод Айнӣ равшанфикрон аз минтақаҳои тоҷикнишин ба Тоҷикистон омаданд? Онҳо касоне буданд, ки илму адаб ва фарҳанги навинро поягузорӣ карданд. Аз зодгоҳ, хешу табор ҷудо шуданд, то рисолат ба ҷо оранд. Баъд таъқибот сар шуд, нисфашро нобуд карданд. Таъқибот тамом шуд, ки ҷанг оғоз гашт. Як гурӯҳи бузурги равшанфикрон дар ҷанг нобуд шуданд. Аз ҷанг омада, қомат рост мекарданд, ки моҷароҳои дохилӣ сар зад. Боз мардум овора гаштанд. Бубинед, фалсафаи нокомии миллат чӣ хел гардиш мехӯрад.
Асри нуздаҳ як таҳдиди бениҳоят ҷиддие омад, ки устод Айнӣ сина сипар кард. Лоҳутӣ дар паҳлуи вай истод. Абдуқодир Муҳиддинов, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум низ хидмат карданд, аммо муборизаи асосиро устод Айнӣ бурд, бо чопи «Намунаи адабиёти тоҷик» ва мақолаҳо. Мисле ки имрӯз Ваҳдат меҳваре шуд, ки Истиқлолияти давлатии моро аз фалокат наҷот дод.
- Имрӯз шоир бисёр шудаасту нависанда кам.
- Нависанда ҳам зиёд аст (механдад). Аммо шоиру нависандаи хасакӣ бисёр шудааст. Қутбӣ Киром мегӯяд: «Шоирон бисёр, аммо шеъри хуб бисёр кам».
- Дунё башиддат дигаргун мешавад. Насли имрӯз дидгоҳ ва боварҳои дигар дорад. Нависандаҳои ҷавон то куҷо рисолати худро мешиносанд ва собитқадаманд?
- Шумо дуруст ишора кардед, ки нависандаҳои ҷавон каманд. Ин сабаб дорад. Якум ин ки нависандагӣ заҳмати бисёр сангин аст, дуюм замоне шуд, ки онҳо аз ин пеша рӯзгори худро пеш бурда наметавонанд. Ин воқеият талх аст, албатта, вале бояд инро иқрор шавем. Рӯзноманигор, нависанда, аҳли қалам як моликият дорад – моликияти зеҳнӣ. Дигар ҳеҷ чиз надорад. Деҳқон кишт мекунад, заҳмат кашад, бо ҳосили он зиндагиашро пеш мебарад. Адиб, рӯзноманигор бо моликияти зеҳниаш ба мардум нерӯи маънавӣ мебахшад. Шикамро бо як бурда нон ҳам сер кардан мумкин, вале агар инсон ғизои маънавиро нагирад, ба фалокат дучор мешавад. Аз маърифат, худшиносӣ, аз ҳисси ватанпарастӣ дур мемонад, фақат шикампараст мешавад. Бандаи нафс, ки шуд, мехоҳад ҳаққи дигаронро низ аз худ кунад.
Дар бораи ҳаққи қалам фикр бояд кард. Ҳамчунин ба шоиру нависандагони ҷавон бештар таваҷҷуҳ мебояд. Пеш онҳо аз ҷои кор хона мегирифтанд ва боз онро васеъ мекарданд. Давлат ҳамин гуна имкон медод. Хонаҳое, ки мо зиндагӣ мекунем, ҳамон замон гирифта будем. Яъне коре кардан даркор, ки ба онҳо ҳам шароити эҷодӣ, ҳам зиндагӣ муҳайё шавад. Он гоҳ асарҳои шоиста менависанд, ки ҳадафи миллӣ, армонҳои миллӣ дошта бошанд.
Солҳое, ки китобҳои нахустини мо чоп мешуд, Иттифоқи нависандагон барои нашр мактуб медод, баррасӣ мекард, ки кори нағз буд, роҳи эҷодро мекушод. Барои эҷоди асарҳои хубтар дар оянда омода месохт.
Иттифоқи нависандагон ташкилоти ҷамъиятии эҷодӣ аст. Дар замони пеш Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Миршакар проблемаҳои адабиётро ба роҳбарият мерасонданд. Мегуфтанд, ки барои ҷавонон хона ҷудо шавад. Ҳозир ин гуна шароит нест, вале роҳҳои ҳал бояд бошад, то шоиру нависандаи шоистаи замон дар майдони ҳунар дилпурона қадам занад.
- Вақтҳои охир дар расонаҳо дар бораи Иттифоқи нависандагон (ИН) суханҳои ҳархела менависанд. Масъалаи аз узвияти он хориҷ шудани нафароне ба ин боис гаштааст. Мехостам дар ҳамин хусус назари худро баён созед.
- Баъди воқеаҳои солҳои 90-и асри гузашта мардум аз рӯи саводу ҳунар не, аз рӯи ҳавову ҳавас ба ИН «ҳуҷум» карданд. Яъне, «ҳуҷум» ба қасри адабиёт шуд. Хаёл карданд, ки узви ИН шаванд, ҷовидон мемонанд. Ман ҳам узви раёсат ҳастам, ба бисёри онҳое, ки аз узвият хориҷ карданд, дилам месӯзад.
Аммо одам, ки 75-80 — сола шуд, бояд сазовори хирадаш асар нависад, андешаи баланд дошта бошад. Агар андешаи баланд дорад, нависад, агар не, сари хонандаро гаранг накунад! Аммо бояд кӯшиш кунем, ки арзандаҳо садама набинанд.
Онҳое, ки имрӯз ошиқона ба қаламу дафтар сарукор мегиранд, бояд ҷиддияти кор ва масъулияти онро дарк кунанд. Бо савод, хазинаи сухан ва ҳунар муҷаҳҳаз шаванд. Имрӯз имконияти омӯзиш ва сайқал додани истеъдоду ҳунар хеле васеъ аст.
- Дар суҳбате гуфтед, ки дигар роман наменависед. Чаро?
- Ман ин гапро танҳо ба хотири саломатиам гуфтам. Ҳатто бовар надоштам, ки романи «Гардиши девбод»-ро ба итмом мерасонам. Чунки дар таги забон доруи валидол пушти миз нишаста, кор мекардам. Дигар ин ки барои асари доманадор навиштан ғайри ҳунар саломатии хуб лозим аст. Яъне:
Зиндагӣ кардани ман мурдани тадриҷӣ буд,
Он чӣ ҷон канд танам умр ҳисобаш кардам.
Аслан кори эҷодӣ ҷонканӣ аст. Он чизе, ки ман гуфтам, аз ҳолати худ гуфтам. Аммо ҳикоя, мақола менависам.
ВОРИС, «Садои мардум»