Қадршиносӣ дар Рӯзи матбуот

№36 (4619) 13.03.2023

CTX_1178++Далер Абдулло — муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» бо Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ мушарраф гардид.

Маросими ботантанаи ҷоизасупорӣ 11-уми марти соли равон зимни таҷлили Рӯзи матбуот бо ҳузури мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Зулфия Давлатзода, журналистон, устодону донишҷӯён ва собиқадорони соҳа аз саросари кишвар, дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон доир шуд.

Бо Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ қадр гардидани заҳматҳои тӯлонии Далер Абдулло боиси хушнудӣ ва ифтихори аҳли эҷоди рӯзномаи «Садои мардум» гашт.

Қобили зикр аст, ки номбурда яке аз рӯзноманигорони сермаҳсули кишвар буда, пайвас­та аз манфиатҳои давлату миллат ҳимоя мекунад. Ӯ аз зумраи қаламкашонест, ки дар шароити пуртазоди муборизаҳои иттилоотӣ дар сафи пеш қарор дорад. Мақолаву гузоришҳои зиёдаш дар масъалаҳои марз, терроризму экстремизм, инчунин, раддия ё ҷавобҳояш ба ҳарзаҳои  бадхоҳони давлату миллати тоҷик гувоҳи гуфтаҳои болост.

Аз ин ҷост, ки заҳмати ҳамкори мо бо Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, медалҳои 100 — солагии матбуоти тоҷик, «Марзбон», «30 — солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», нишонҳои «Аълочии матбуот», «Аълочии фарҳанг», «Аълочии маориф ва илм», инчунин, сипос­номаву ифтихорномаҳои зиёд қадрдонӣ шудааст.

Далер Абдулло солҳои 1998-2003 дар факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил намуда, онро бо дипломи сурх хатм кардааст. Ҳамчунин, хатмкардаи магис­тратураи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз рӯи ихтисоси «Нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ» (солҳои 2012-2014) ва факултети «Идоракунии давлатӣ»-и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2017 – 2020) мебошад.

Номбурда беш аз 20 сол аст, ки дар рӯзномаи «Садои мардум» фаъолияти пурсамар дорад. Ӯ ҳамчун хабарнигор ба кор қабул шуда, солҳои 2006 – 2014 ба ҳайси мудири шуъбаи иқтисодиёт ва иҷтимоиёт ифои вазифа намуда, аз моҳи майи соли 2014 муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» мебошад.

Маҳсули эҷодаш дар якчанд озмунҳои ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойи аввал ва ҷойҳои дигари ифтихорӣ шудааст. Муаллифи чор китоб – «Родмарде дар масири сиёсат», «Нигоҳбони роҳи ҳаёт», «Нахли ҳақиқатбор» ва «Тағйирнопазир» мебошад.

Илова бар фаъолияти журналистӣ, унвонҷӯи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар бахши сиёсатшиносӣ таҳқиқ мебарад.

Зимнан, дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик, ҳамчунин, кормандони дигари рӯзнома аз ҷониби сохтору мақомоти гуногун, ба сипосномаву ифтихорнома қадр шуданд. Аз ҷумла дар чорабиние, ки ба ин хотир дар факултети журналистикаи ДМТ доир шуд, муҳаррири шуъбаи маънавиёт, иттиҳодияҳои ҷамъи­ятӣ ва низоми кор Фарзона Файзалиева барои инъикоси масъалаҳои илму маориф, тарғиби маънавиёт ва фаъол будан дар муборизаҳои иттилоотӣ бо мукофот ҳавасманд гардид. Хабарнигори шуъбаи номаҳо, ахбор, муносибатҳои байнипарлумонӣ ва робита бо ҷомеа Шарофат Абдулвоҳидоваро Кумитаи кор бо занон ва оила барои тадбиқи сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ бо сипоснома қадр намуд.

Мухбири рӯзнома дар вилояти Суғд Мирзоаъзам Мақсудов бо ҷоизаи созмони вилоятии Иттифоқи журналистон ба номи Ҳоҷӣ Содиқ сазовор шуд.

Мухбири рӯзнома дар вилояти Хатлон Сулаймон Султоновро, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб барои эҳсоси масъулияти баланди касбӣ, саҳми назаррас дар инъикоси дастовардҳои давлат ба сипос­нома қадр кард. Ӯ, ҳамчунин, дар озмуни вилоятии «Неруи сухан», ки дар арафи Рӯзи матбуот ҷамъбаст шуд, ғолиби ҷойи сеюм гашт.

Мухбири рӯзнома дар ВМКБ Машҳури Имомназарро  Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба ифтихорнома сарфароз намуд.

Зимни ҷамъбасти озмуни «Муаррифкунандаи дастовардҳои шаҳри Кӯлоб» мухбири рӯзнома дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Исломи Раҷабалӣ сазовори ҷойи дуюм гашта, бо диплом ва мукофот қадр карда шуд.

Дар чорабинии тантанавие, ки 11 — уми март дар Китобхонаи миллӣ баргузор шуд, ҳамчунин як зумра рӯзноманигорон аз дигар воситаҳои ахбори омма бо ҷоизаҳои гуногун қадрдонӣ шуданд.

Зулфия Давлатзода Рӯзи матбуотро ба аҳли толор шодбош намуда, аз нахустрӯзномаи миллати тоҷик ёдрас шуд. Номбурда, аз ҷумла, чунин гуфт: «Таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик аз падидаҳои даврони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ буда, он бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1994 инҷониб дар саросари кишвар ба таври расмӣ ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи матбуоти тоҷик ба чопи нахус­тин рӯзномаи тоҷикӣ «Бухорои шариф», ки шумораи аввалини он 11 марти соли 1912 интишор ёфтаву дастраси хонандагон гардида буд, иртибот дорад. Имсол аз чопи ин рӯзнома 111 сол сипарӣ гардид».

Мавриди зикр аст, ки имсол Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба чор шахсияти шинох­таи дигари кишвар — устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илми филология, дотсент Муртазо Зайниддинов, хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар вилояти Суғд Ҷовиди Аштӣ, хабарнигори шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон Карим Ҳайдаров ва директори Академияи ВАО-и Тоҷикистон Саъдӣ Маҳдӣ сазовор гардиданд.

Донишҷӯёни фаъол Амони Муҳаммад аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Фарида Баротова аз Донишгоҳи давлатии Бохтар ва Нӯршервон Ашӯров аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Воҳид Асрорӣ сарфароз шуданд. Ҷоизаи ба номи Асадулло Саъдуллоевро нашрияи «Анвори дониш» сазовор шуд.

Бо истифода аз фурсати муносиб ба ҳамаи сохтору мақомоте, ки аз рӯзномаи «Садои мардум» ёд овардаву кормандони онро қадр намуданд, изҳори сипос менамоем.

Т. ФАРРУХПАЙ,

Ф. ФАЙЗАЛИЕВА,

«Садои мардум»