Ҷамъбасти «Андалеб- 2016» дар Суғд

№ 14.06.2016

 андалебДаври вилоятии Фестивал-озмуни  ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб- 2016» дар вилояти Суғд ҷамъбаст гардид.

Тибқи иттилои директори маркази илмӣ- методии Раёсати фарҳанги вилояти Суғд Олим Юсупов даври вилоятӣ аз 26-уми апрел то 2-юми июни соли равон идома ёфт.

Олим Юсупов ҳунарнамоии хуби ҳаваскорони санъати шаҳри Панҷакентро махсус таъкид кард. Намоиши ҳунарҳои бадеии халқӣ, намоиши сарулибоси миллӣ, рақси якка бо номи «Танавори Саразм» дар  иҷрои Париваш Сиддиқова, суруд дар иҷрои Дилрабо Қурбонова, сюитаи  рақсӣ-овозии «Зинда бодо мулки  нотакрори ман»  ва анъанаҳои мардумӣ номераҳои беҳтарин дониста шуда, сазовори  баҳои баланди ҳакамони озмун, яъне 120 хол гардиданд.

Ҳайати ҳакамони даври вилоятии Фестивал-озмуни  ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб- 2016» аз рӯи ҷамъбаст ба ҳаваскорони санъати шаҳри Панҷакент 120 хол, ноҳияи Зафаробод ва шаҳри Хуҷанд 119,2 хол ва ноҳияи Ҷаббор Расулов 119 холро сазовор донистанд.

Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум»