Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр…

№152 (4002) 19.12.2019

Дар баробари дигар арзишҳои моддӣ, ки дар пешбурди рӯзгори инсон нақши муҳим мебозанд, арзишҳои маънавӣ низ ҷойгоҳи муҳим доранд ва бе риоя ва арҷгузорӣ ба онҳо бисёр аз дастовардҳои миллӣ, аз қабили ваҳдату якпорчагии сарзамин, иттиҳоду ҳамбастагӣ гусаста гаштаю ба нестӣ мераванд.

Мутааассифона, давраи ҷаҳонишавӣ, ки эҳтимол паҳлуҳои мусбат ҳам дошта бошад, аммо бо суиистифода аз он давлатҳои абарқудрат бо ҳар роҳу восита кӯшиш менамоянд, ки ифтихороти миллӣ ва дигар арзишҳои садсолаҳо ҳифзшударо коҳиш диҳанд ва пояи давлатдории давлатҳои бе ин ҳам иқтисодиёташон заифро суст гардонданд. Бинобар ин, ҳар як фарди ватандӯстро лозим меояд, ки дар баробари дигар масоил ба таҳким бахшидани ҳисси баланди ватандӯстӣ, масъулияти шаҳрвандӣ зиракию ҳушёрии сиёсӣ ва маърифати зеҳниро такомул бахшад.

Ҳазорсолаҳо миллати ҷафокашидаи тоҷик на як бору ду бор имтиҳонҳои сахти зиндагиро сарбаландона пушти сар карда, дар муқовимат зидди истилогарони аҷнабӣ шоҳиди ҷонбозии зиёди фарзандони қаҳрамон гардидааст. Фарзандони барӯманду ҷонфидои миллат чӣ бо силоҳ, чӣ бо қалам ба ҳифзи марзу бум, таърих, забон ва дину мазҳаб бархоста, ҷонро низ дареғ надоштаанд. Рӯйхати густурдае дар ин маврид пешниҳод кардан мумкин аст, ки гузаштагони шарафманд дар чӣ вазъияти ногуворе тавонистаанд, алайҳи бадхоҳони миллат истодагарӣ кунанд ва музаффарият ба даст оваранд. Шераку Спитамен, Шаҳболу Муқаннаъ, Темурмалик, Восеъ ва қаҳрамонони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Мирзо Турсунзода ва бисёр дигарон аз шумули онҳое мебошанд, ки барои Истиқлолияти давлатӣ корнамоии бемисл нишон додаанд.

Мутаассифона, дар солҳои навадуми асри гузашта миллати тоҷик ба имтиҳони мушкил рӯ ба рӯ гардид ва қурбонии зиёд дод. Бо вуҷуд, тавонист ба хоинону душманони миллат пирӯз гардад. Аз он рӯзгор вақти зиёд нагузаштааст ва он бояд барои насли ҷавон мактаби ватандорӣ гардад.

Дигар аз роҳҳои ҳамчун миллат аз байн бурдани халқияту миллатҳои кӯчаку заиф пиёдасозии сиёсати ғаразнок тавассути созмону ташкилотҳои иртиҷоии «Толибон», «Ал — Қойида», «ДИИШ» мебошад, ки мутаассифона, бо ҷалби намояндагони халқу миллат, пайравони дину мазҳаби гуногун ва даҳшатафкании оламнадид дар бархе аз давлатҳои арабӣ мебошад. Бадбахтона, дар ин миён баъзе аз ҷавонони гумроҳи тоҷик низ ба доми ин ваҳшиёни бадтар аз асримиёнагӣ афтода, қисмати зиёд қурбон гардиданд.

Бо вуҷуди аз осмони софу беғубори кишвар пароканда шудани абрҳои сиёҳ ҳанӯз ҳам таҳдиди хавфу хатар ба сарзамин коҳиш наёфтааст. Боқимондаи онҳое, ки бо баҳонаи ҳимояти дини мубини ислом боре рӯзи маҳшарро дар кишвар қоим карда буданд, ҳоло демократияро дастак карда, аз дуриҳо миллату Ватанро сиёҳ карданӣ мешаванд. Инҳо боқимондаҳои ТЭТ ҲНИ мебошанд, ки бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ мехоҳанд чеҳраи аслии худро пинҳон созанд. Шубҳае нест, ки худашон ба афсонаҳои худашон бовар надоранд, зеро ба ҷуз туҳмату буҳтон, дассисаву иғво ягон барномаи дуруст рӯи даст надоранд.

Вазъи ноороми сиёсӣ дар ҳамсоякишвари Афғонистон, ки даҳсолаҳост идома дорад ва фаъол гардидани ҳаракати «Толибон» — у ДИИШ хоинони миллатро умедвор кардааст, ки нақшаҳои ҷинояткоронаро дар Тоҷикистон дубора роҳандозӣ хоҳанд кард. Ҳатто ба гӯшаи хаёл намеоранд, ки ин ҷо Ватани онҳост ва ҳаммиллатонашон дар он зиндагӣ менамоянд, агарчи дар маъвизаҳояшон кафки даҳон парронда, аз миллату Ватан, дину имон сухан мегӯянд.

Дар навбати худ ба онҳое, ки бешармона, бо суиистифода аз номи  Худо додани ҳар гуна фатвои дурӯғро раво мебинанд, гуфтанӣ ҳастам, ки боре Холиқи олам барояшон посухи хубе дода буд, ки мутаассифона, барояшон сабақ нагардидааст. Дар пешорӯи истиқболи 30 – солагии Иҷлосияи ХУ1 – уми Шӯрои Олӣ ба мардуми шарифи кишвар муроҷиат карда, гуфтаниам, ки дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам зичтар муттаҳид гардида, баҳри ободию гулгулшукуфии Ватан меҳнат намоем. Зеро шоир Сайидои Насафӣ фармудааст:

Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.

Шамъигул Мирзоева, омӯзгори МТМУ № 58, шаҳри Душанбе