Мушкилот ва пешниҳод

Ҳаракати нақлиёти мусофиркаш ба низом медарояд, агар…

№48 (3528) 12.04.2016

Trolleybus_in_Dushanbe,_TajikistanТӯли иқомати зиёда аз 50 — сола дар шаҳри Душанбе хизматрасонии нақлиёти мусофирбарро мушоҳида карда, ба хулосае омадам, ки ягона ёру мададгори пирону барҷомондагон, маъюбону камбизоатон автобусу троллейбусҳоянд. Ронандаҳои онҳо аз субҳ ба кор шурӯъ намуда, барои мусофиронро беосеб ба манзил расондан кӯшиш мекунанд.

 

Сифати кори чиптафурӯшон низ тадриҷан беҳтар мегардад. Онҳо баробари ҳаққи хизмат гирифтан ба мусофирони пиронсол ҳангоми ба нақлиёт ворид шудан баҳри бардоштани борхалта ва ба курсӣ нишастани онҳо кумак мерасонанд.

Аксарияти ронандагону чиптафурӯшон либосҳои зебо, тозаю озода дар тан доранд ва ба мардум бо лафзи хуш муомила мекунанд.

Хулоса, дар муқоиса ба даҳ сол пеш имрӯз хизматрасонии нақлиёти мусофирбар хеле беҳ шудааст.

Бо ташаббус ва кӯшишҳои ҳаррӯзаи раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоев вақтҳои охир ҳаракати автобусу троллейбусҳо ба низом даромадааст. Мисоли равшани инро дар троллейбуси хатсайри 12 ва автобусҳои хатсайрҳои 37 ва 1 дидан мумкин аст. Фосила байни троллейбусу автобусҳои номбурда аз 5 то 10 дақиқаро ташкил медиҳад. Ронандагони ин хатсайрҳо вазифаи худро бо камоли масъулият иҷро мекунанд.

Вале дар хизматрасонии нақлиёт ҳанӯз камбудиҳо ҷой доранд. Масалан, дар бораи автобуси хатсайри 18, ки мардум онро «невидимка» меноманд, борҳо дар нашрияҳои давлатию хусусӣ шикоятномаҳо ба табъ расида бошад  ҳам,  вазъ тағйир наёфт. Ин ҳолат ду сол аст, ки идома дорад. Наход ин хатсайрро касе ё идорае назорат накунад? Оё Муассисаи давлатии «Душанбенақлиётхадамотрасон» ва БДА шаҳри Душанбе аз бесарусомонии хатсайри 18 хабар доранд? Мусофирони сарсон дар истгоҳи «Водонасос» то як соат тоқат карда, баъд ноумед шуда, аз дигар нақлиёт истифода мебаранд.

Дар хиёбони Рӯдакӣ низ ҳаракати нақлиёти мусофирбар бенизом аст. Масалан, 5-6 троллейбуси хатсайри 1 дар охири истгоҳи боғи Айнӣ қатор истода, то пур кардани мусофирон ҳаракат намекунанд. Ҳол он ки дар истгоҳҳои оянда онҳоро мусофирони зиёде интизоранд.

Агар ронандагони нақлиёти мусофирбар монанди давлатҳои мутамаддин аз рӯи реҷаи муайян ҳаракат мекарданд, мушкилоти интизории мардум ба ин дараҷа намерасид.

Дар калонтарин шаҳрҳои Федератсияи Россия ронандагони автобусу троллейбус ҳақ надоранд, ки зиёда аз вақти муқарраршуда дар истгоҳ мунтазир шаванд. Ҳаракати автобусу троллейбусҳои мо бошад, ба табъи ронандаҳо  вобаста аст, ҳар куҷое ки рост омад ва ҳар қадаре ки хоҳанд меистанд, ба эродҳои мусофирон аҳамият намедиҳанд. Бахусус, дар фасли гарми тобистон.

Ҷиҳати дигари мушкилот тафаккури паст ва беинсофии ронандагони баъзе автобусу троллейбусҳо  мебошад. Онҳо пиронсолонро, ки дар даст шаҳодатномаи собиқадорӣ доранд, ба нақлиёт роҳ намедиҳанд, ҳуҷҷати онҳоро ба эътибор  намегиранд.

Норасоии дигар иҷро накардани қарори раиси шаҳри Душанбе дар бораи нархи роҳкиро мебошад. Мувофиқи қарори мазкур нархи роҳкиро дар хатсайрҳои шаҳри Душанбе барои микроавтобусҳо 80 дирам, барои микроавтобусҳои экспресс 1 сомонию 60 дирам ва барои  троллейбусу автобусҳо 80 дирам муқаррар шудааст. Вале ба ҳама, аз ҷумла ба роҳбарияти нақлиёти мусофиркаш ҳам маълум аст, ки баъзе аз кормандон роҳкироро табъи дили худ муайян мекунанд ва ба ҷойи 80 дирам 1 сомонӣ, ба ҷойи 1, 60 дирам 2 сомонӣ меситонанд.

Ғайр аз ин, дар пойтахти зебои мо- шаҳри Душанбе вақтҳои охир  ронандагони таксӣ пайдо шуданд, ки ҳар куҷое рост ояд,  мошинашонро қарор дода, бар хилофи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ истодан мегиранд. Троллейбусу автобусҳо роҳ наёфта, ҳар қадар бонг (сигнал) зананд ҳам, онҳо аз ҷояшон намеҷунбанд. Ин бесарусомонӣ, махсусан дар назди истгоҳҳои «Садбарг», ТВ «Сафина», гардиши Қарияи Боло ба тарафи кӯчаи А. Ғуломов ва даромадгоҳи бозори «Варзоб» ҷой дорад.

Агар чунин норасоиҳо дар кори нақлиёти шаҳрӣ ислоҳ шаванд, ҳаракати нақлиёт ба низом медарояд. Ислоҳи ин камбудиҳо, пеш аз ҳама, ба манфиати собиқадорони меҳнат, маъюбон ва пирону камбизоатон, умуман тамоми сокинони пойтахт ва меҳмонон хоҳад буд.

 А. РАҲМОНҚУЛОВ, сокини шаҳри Душанбе