Тайи чанд соли охир тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду ривоҷи ҳунарҳои мардумӣ дар мамлакат таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Соли равон бошад, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст, ки масъулияти ҳунармандон ва алоқамандони соҳаи ҳунарҳои мардумиро дучанд месозад.
Яке аз корхонаҳое, ки имрӯз бо ҳунарҳои мардумӣ машғул аст, ҶДММ «Армуғон» мебошад. Он соли 1950 ҳамчун артели маҳсулоти серталабот (ширпотреб) арзи ҳастӣ намуда, соли 1966 ба фабрикаи туҳфаву армуғонҳо табдил ёфт. Дар он сехҳои механикӣ, голваникӣ, чубтарошиву наққошӣ амал мекарданд. Маҳсулоти корхона хеле гуногун буд: аз нишону бозичаҳои хурдтарин то табақҳои калони ороишӣ, кӯзаҳои пурнақшу нигор ва асбобҳои мусиқӣ истеҳсол карда мешуданд. Ҳунармандони айём кӯшиш менамуданд, ки бо ҳар офарида ҳунару фарҳанги миллатро тарғиб намоянд. Фабрика устоҳои ҳунарҳои мардумиро аз минтақаҳо низ ба ҳамкорӣ ҷалб менамуд, зеро талабот бениҳоят зиёд буд. Бахусус, сайёҳону меҳмонони хориҷӣ ба маҳсулоти корхона таваҷҷуҳи зиёд доштанд. Қариб дар ҳар хонаи сокинони мамлакат низ лаъличаҳои пургул, шамъдон ва бозичаҳои ин коргоҳро дидан мумкин буд. Аммо чанд сол коргоҳ ҳоли табоҳе дошт. Истеҳсоли бештари маҳсулот аз байн рафт. Сехҳо баста шуданд.
Имрӯз бо ҷаҳду талошҳои сарвари корхона Далер Ятимов яке аз устохонаҳои ҶДММ «Армуғон» – сехи кулолгарӣ ва маҳсулоти дигари гилӣ фаъол аст. Тавре сардори сех Худойдод Шамсов изҳор намуд, кор дар сех қатъ нагаштааст, гарчанд ҳанӯз шумораи коргарон зиёд нест. Маҳсули дастони наққош Диловар Шарифов, устоҳо Саъбагул Сафарова ва Лутфия Солеҳова ҳар бинандаро мафтун мегардонад.
- Мекӯшем дар шаклу сохт ва ороиши ҳар як маҳсулот анъанаи устоҳои пешинаро нигоҳ дорем, — мегӯяд ӯ.
Чанде қабл дар пойтахт намоише баргузор гардид. Дар он меҳмони бритонӣ, бонуи куҳансоле назди мо омада, ба армуғонҳои сохтаамон зеҳн монда гуфт: «Дар ҳақиқат армуғонҳои тоҷикӣ аз дигарон фарқ мекардаанд».
Маълум гардид, ки соли гузашта он бону аз кишвар чанд дона армуғони гуногунро барои пайвандон ба Англия савғо бурдааст. Яке аз наздиконаш, ки бо омӯзиши фарҳанги Шарқ машғул будааст, бозичаеро ба даст гирифта, мегӯяд: «Ин моли тоҷикон нест, чашмони мардуми ориёӣ дигар хел аст».
- Ин дафъа ман бояд бозичаҳои тоҷикиро савғо бубарам, ки ба ҳолам наханданд, — гуфт бону ва чанд дона армуғон харидорӣ намуд.
Худи Х. Шамсов аввал дар курсҳои Агентии шуғли аҳолии ҷумҳурӣ (соли 2000-ум), баъдан бевосита дар ҶДММ «Армуғон» бо сирру асрори кор бо гил ошноӣ пайдо намудааст. Мегӯяд, ки ҳунарашро бештар бо роҳи худомӯзӣ аз худ кардааст, гарчанд аз таҷрибаи устоҳои пешин Ҳусейн Фозилов ва Саъбагул Сафарова, ки беш аз сӣ соли ҳаётро ба эҷоду офариниши армуғонҳо бахшидаанд, баҳравар гардидааст.
- Мо аз таҷрибаи онҳое, ки ҷиҳати комилан барқарор намудан ва ривоҷ додани соҳа метавонанд кумак расонанд, истифода бурданием. Маҳсулоти корхона бештар ба сайёҳон нигаронида шудааст, — мегӯяд сарвари ҶДММ «Армуғон» Далер Ятимов ва меафзояд: — Маҳсулоти мо — армуғонҳо низ таъриху фарҳанг ва анъанаҳои миллиамонро муаррифӣ менамоянд. Бинобар ин, дар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» мекӯшем, истеҳсолоти корхонаро, ки ба ҳар ду соҳа бевосита алоқаманд аст, васеъ гардонем. Нақшаи наздиктарин ба роҳ мондани кор бо чӯб, пластмасса ва оҳан аст. Дар оянда истеҳсоли асбобҳои мусиқӣ ва ашёи рӯзгор, ҳамчунин кушодани дӯконҳои фурӯши армуғонҳо дар сайрхатҳои муҳими сайёҳӣ дар назар аст, ки боиси пайдо гардидани ҷойҳои нави кор низ хоҳад шуд. Дар ин ҷода моро таваҷҷуҳи рӯзафзуни Пешвои миллат ба фарҳанг ва ҳунарҳои мардумӣ рӯҳу илҳом мебахшад.
Н. Низомӣ, «Садои мардум»