АРМУҒОНИ АРЗАНДА БА ДӮСТДОРОНИ КИТОБ

№70 (3550) 31.05.2016

Чанде пеш китоби меъмори собиқадори тоҷик, узви Иттифоқи меъморони Тоҷикистон Абдураҳмон Аҳмадов таҳти унвони «Бунёдкориҳои меъморон ва сохтмончиёни Тоҷикистон» аз чоп баромад. Нуктаи муҳим  он аст, ки муаллиф умри бобаракаташро сарфи бунёдкорӣ карда, дар сохтмони садҳо бинои маъмурӣ, маишӣ, фарҳангӣ, ободонии кӯчаю хиёбонҳо ва бунёди манзилҳои истиқоматӣ саҳмгузор аст. Биноан, маҳсули эҷоди ӯ низ  на танҳо самараи дидаю шунидаҳояш, балки фаъолияти бевосита дар иншооти гуногун ва таҷрибаи чандинсолааш дар корҳои бунёдкорист.

Китоб пурмазмун буда, дар ҳаҷми 231 саҳифа таҳия шудааст. Дар саҳифаи аввал  таъкиди Сарвари давлат — «Ба бунёдкориву созандагӣ рӯ оварда, эҳёи Ватани бостониамонро таъмин месозем» ҷой дода  шудааст. Баробари муаррифии фаъолияти меҳнатӣ ва эҷодии меъморону сохтмончиёни даврони истиқлолият, ҳамчунин дар китоб  таърихи ин соҳа, бунёди аввалин иншооти маъмурию маишӣ дар Душанбеи қадим – собиқ шаҳри Сталинобод инъикос ёфтааст. Дар қисмати «Тавсифи иншооти муҳим»  хонандагон дар бораи Маҷмааи Нишони давлатӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинои Китобхонаи миллӣ, Театри миллӣ, Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва дигар иншооти зебою замонавӣ, ки солҳои охир бунёд гардидаанд,  маълумоти муфассал мегиранд.

***

Қиссаҳои аҳди қадим бисёр аҷибу ғарибанд. Вақте ба хондани онҳо шурӯъ мекунӣ, то поён намехоҳӣ аз китоб чашм барканӣ. Чунин қиссаҳои марғубро  рӯзноманигор Тилло Соҳибназар ҷамъ оварда, ба шакли китобча мураттаб намудааст, ки бо номи «Қиссаҳои дилангез» пешкаши хонандагон гардид. Муаллифи қиссаҳои «Далла ва Мухтор», «Одилхон ва се дарвеш» ва «Мушу гурба»  Муҳаммад Шайх Алии Афсар буда, онҳо соли 1901 ба нашр расидаанд.  Тилло Соҳибназар онҳоро ба хатти кириллӣ гардонда,  чанде аз мақолаю ҳикояҳои панду ҳикматомези худро низ дар қисмати дуюми китоб ҷой додааст.

 Б. КАРИМЗОДА,  «Садои мардум»