Дар остонаи соли нав нашриёти «Хуросон»-и шаҳри Хуҷанд китоби рӯзноманигор Заҳриддин Рустамовро бо номи «Зафаробод – диёри родмардон» ба нашр расонид.
Дар он таърихи азхудкунии заминҳои Мирзочӯли тоҷик ва фаъолияти аҳли заҳмати ноҳия дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар асоси манбаъ ва маъхазҳои муътамад иншо гардидааст. Очерку қиссаҳои китоб оид ба диловариҳои фотеҳони заминҳои навкорам, аз ҷумла Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Акбар Ҳоҷимуродов, Механизатори хизматнишондодаи Тоҷикистон Зиёваддин Ҳакимов, поягузори пойгоҳҳои обкашӣ Николай Верхоглазенко, роҳбарони ҳизбию давлатӣ Бегалӣ Аҳмадалиев, Ҳомид Каримов, Темур Холмирзоев, Рӯзибой Авезов, Муҳаммадҷон Муинов, Ҳамид Алиев, заҳмату дастовардҳои шоистаи насли имрӯз маълумот медиҳанд.
Китоб ба 55-солагии азхудкунии заминҳои навкорами Мирзочӯли тоҷик бахшида шудааст.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»