Ҷашнҳои шахсиятҳои таърихӣ дар соли 2016

№89 (3569) 12.07.2016

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расидааст, бо мақсади эҳёи арзишу мероси бузурги илмӣ- таърихӣ, тарғиби арзишҳои умумибашарии фарҳанги тоҷикон ва тамаддуни мардуми Шарқи миёнаю наздик, тарбияи маънавӣ, таҳкими равобити сиёсию фарҳангӣ дар марҳалаи нави таърихӣ давоми соли 2016- ум 100-солагии зодрӯзи устоди санъати касбии тоҷик, Артисти халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ғаффор Валаматзода, 1250-солагии донишманд ва мутафаккири тоҷик ва Шарқ Абу Абдуллоҳ Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳусейн машҳур ба Ҳаким Тирмизӣ ва 1150 — солагии зодрӯзи олим ва мутафаккири Шарқ Закариёи Розӣ ба таври васеъ ва ботантана таҷлил карда мешавад.

Дар доираи қарори мазкур муаррифӣ намудани ин шахсиятҳои таърихӣ тавассути радио, телевизион ва дигар ВАО дастур дода шуда, барои дар сатҳи шоиста, сиёсӣ ва илмӣ таҷлил намудани ин санаҳои таърихӣ Академияи илмҳо, Вазорати маориф ва илм, дигар кумитаву идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва амалӣ менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки ёдоварӣ аз бузургони миллат, арҷ гузоштан ба намояндагони илму адаб, ҳунару фарҳанг ва сиёсатмадорони гузашта ҳамеша дар мадди назари Роҳбари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Ба ин васила, таърихи куҳан ва бою рангин доштани миллати тоҷик бо асосҳои илмӣ таъкид мегардад.

 АМИТ «Ховар»