Ҷашни баҳорон

№ 17.03.2023

Yfdhepb gjrbcnjyСоли 2009 дар шаҳри Абу-Дабии Амороти Муттаҳидаи Араб бо Қарори ЮНЕСКО Ҷумҳурии Исломии Покистон низ дар қатори 12 мамлакат ба кишварҳои ҳавзаи Наврӯз шомил шуд. Наврӯзро дер боз дар ин кишвар бо номи аслияш ва ё «Ҷашни баҳорон» таҷлил мекунанд.

Дар қисмати шимолии Покистон (Гилгит- Балтис­тон, Озод Кашмир, Хайбар- Пахтунхва) тоҷикони вахонӣ ва дигар  ақвоми форсизабон зиндагӣ мекунанд, ки расму  оинашон ба мардуми мо хеле монанд аст. Инчунин, ҳазораҳои  Балуҷистон, ки форсизабонанд, Наврӯзро бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн мегиранд. Онҳо муътақиданд, ки ҳаёт дар рӯи замин аз рӯзи Наврӯз оғоз гардид. Яъне, фалак дар рӯзи Наврӯз, ки шабу рӯз баробар аст, гардон шуд.

Инчунин, ҳазрати Алӣ (ёри чорум ва домоди ҳазрати Муҳаммад) маҳз дар рӯзи Наврӯз халифаи мусулмонон интихоб гардид. Ба ин муносибат форсизабонон чунин баҳория месароянд:

Наврӯз шуду ҷумла ҷаҳон гашт муаттар,

Аз бӯи хуши сабзаву райҳону санавбар.

Бар тахти хилофат бинишаст он «Шаҳи Аброр»,

«Домоди Набӣ», «Шери Худо», «Соқии Кавсар».

Дар айёми Наврӯз дар шаҳрҳои бузурги Покистон фестивали шириниву меваҷот ва гулҳо баргузор мегардад. Пухтани сумалак низ роиҷ аст. Вобаста ба ин ид чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ, аз ҷумла рақсу сурудҳои фолклорӣ, бузкашӣ, чавгонбозӣ, аспдавонӣ (пойга) ва гӯштингирӣ, баргузор мешавад.

Дар қисмати кӯҳистони Покистон, ки ба Бадахшони Тоҷикистон наздик аст, дар деҳот фасли тирамоҳ хокро дар лингчаҳо дар ягон ҷои хушк нигоҳ медоранд. Бо фарорасии Наврӯз хокро ба рӯи замини пурбарф мепошанд, то ки зудтар об шуда, барои киштукор шароит фароҳам ояд, зеро агар обшавии барфро интизор шаванд, фурсати мусоиди кишт аз даст рафта, тирамоҳ ҳосил сари вақт ҷамъоварӣ  намегардад.

Наврӯз ё «Ҷашни баҳорон» — ро як санаи дигар шукӯҳи бештар мебахшад, ки он «Рӯзи таъсисёбии Покистон» аст. 23-юми марти соли 1940 дар шаҳри Лоҳур бо иштироки қариб 100 ҳазор ҷонибдори Лигаи умумиҳиндустонии мусулмонҳо ҷамъомад доир гардид. Дар он эъломияи таъсиси давлати мусулмонҳо дар нимҷазираи Ҳинд қабул гардид. Пас аз 7 сол (14-уми августи соли 1947) дар харитаи ҷаҳон давлати нав бо номи Покистон пайдо шуд. Ба муносибати қабули эъломияи зикршуда дар шаҳри Лоҳур муҷассамае бо номи «Манораи Покистон» бунёд гардид, ки ҷойи дӯстдоштаи сайёҳон мебошад.

Ба муносибати ин ҷашн дар пойтахти ин кишвар шаҳри Исломобод ва дигар шаҳрҳои Покистон аз тӯпҳо тир (салют, гулоташ) партоб мешавад. Дар мақбараи Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ва Муҳаммад Алии Ҷиноҳ маросими ивазшавии қаровулҳои фахрӣ баргузор мегардад. Дар хиёбони Конститутсияи шаҳри Исломобод паради низомӣ мегузарад. Президенти кишвар шахсиятҳоеро, ки дар рушди соҳаҳои иқтисодию илм, тандурустию маориф ва низомию варзишӣ ҳисса гузоштаанд, бо ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз мегардонад. Ин рӯзҳо истироҳатӣ буда, ба мардуми Покистон имконият медиҳад, ки идро бо рӯҳияи баланд ва табъи болида таҷлил кунанд.

Соли 2018 дар шаҳри Париж Фестивали байналмилалии Наврӯз баргузор шуд. Аз Покистон дар ин чорабинӣ намояндаи доимии Покистон дар ЮНЕСКО Муъинулҳақ иштирок намуд.

Соли 2019 чунин фестивал дар шаҳри Исломободи Покистон баргузор гардид. Дар он дар қатори дигар кишварҳо намояндагии дипломатии Тоҷикистон низ ширкат варзида, либос ва ғизоҳои мардуми моро ба маъраз гузоштанд.

Бо ҷашни байналмилалӣ эълон шудани Наврӯз таҷлили ин иди бостонӣ дар Покистон низ шукӯҳу шаҳомати тоза касб кард.

С. НАҶМИДДИНЗОДА,

«Садои мардум»