Ҷашни Наврӯз дар Покистон

№36-37 (4298-4299) 20.03.2021

maxresdefaultСоли 2009 дар шаҳри Абу-Дабии Амороти Муттаҳидаи Араб аз ҷониби ЮНЕСКО ҷашни Наврӯз ба рӯйхати Мероси фарҳангии ҷаҳониён пешниҳод ва соли 2016 ба он шомил гардид. Дар қатори кишварҳои форсзабони Эрону Афғонистону Тоҷикистон, инчунин Озарбойҷону Ӯзбекистон, Туркия, Ироқ, Туркманистон, Ҳиндустон, Покистон, Қазоқис­тон ва Қирғизистон низ ба рӯйхати кишварҳои таҷлилкунандаи Наврӯз шомил шуданд.

Ҷашни Наврӯзро форсзабонон дар Ҳиндустону Покистони ҳозира паҳн кардаанд. Дар даврони салтанати шоҳони мусулмон тайи 800 сол дар нимҷазираи Ҳинд Наврӯз дар қатори идҳои Рамазону Қурбон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мешуд.

Бо забти нимҷазираи Ҳинд аз ҷониби англисҳо ҷашни ­Наврӯз чун забони форсӣ маҳдуд гашта, дигар дар доираи дарбор ҳамчун иди давлатӣ таҷлил намегардид. Баъди соҳибистиқлол шудани Покис­тон сокинони минтақаи Гилгит- Балтистон, Читрол, Пешовар, Озод Кашмир, Синдҳ (Карочӣ) ва Балуҷистон Наврӯзро дубора бошукӯҳ ҷашн мегирифтагӣ шуданд.

Мувофиқи ақидаи пайравони мазҳаби шиа, ҳазрати Одам (а) дар рӯзи Наврӯз (баробарии шабу рӯз) офарида шудааст. Рӯзи таваллуд ва ба хилофат интихоб шудани ҳазрати Алӣ (р) низ ба Наврӯз рост омада будааст. Аз ин рӯ, дар он мавзеъҳои Покистон, ки шииёни ҷаъфарию исмоилӣ зиндагӣ мекунанд, Нав­рӯз то андозае ранги мазҳабӣ низ гирифтааст. Наврӯзро дар Покистон «Ҷашни баҳорон» ном мебаранд.

Соли 2018 дар ситоди ЮНЕСКО, воқеъ дар шаҳри Парижи Фаронса, Фестивали байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид. Сафири Покистон дар Фаронса Муинулҳақ ҳамчун яке аз кишварҳои ҷашнгирандаи Наврӯз дастархони наврӯзӣ густурда, зиёфати идона дод.

Соли 2019 фестивали байналмилалӣ бо иштироки Президенти Покистон Ориф Алвӣ дар шаҳри Исломобод доир гардид. Дар он чун як соли пеш Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ғурфаи худро бо дастархони идона ва намоиши дастовардҳои кишвар пешкаши меҳмонон гардонид.

Як ҷиҳати шукӯҳи ҷашни Наврӯз дар Покистон ба он вобаста аст, ки 23 марти ҳар сол дар ин кишвар «Рӯзи Покистон»-ро таҷлил мекунанд. Соли 1940 дар ин рӯз дар шаҳри Лоҳур ширкаткунандагони Анҷумани мусулмонон қарордодеро ба тасвиб расониданд, ки мувофиқи он дар нимҷазираи Ҳинд таъсиси давлати алоҳидаи мусулмонон пешбинӣ мешуд. Он дар таърих бо номи «Эъломияи Покистон» маъруф аст. Пас аз ҳафт соли қабули эъломия 14 августи соли 1947 Покистон истиқлолияташро эълон намуд. Ҳамин тавр, дар ин сарзамин аз соли 1956-ум 23 март ҳамчун «Рӯзи Покистон» ба ҷашни миллӣ табдил ёфт.

Ҷашни Наврӯз ба ин иди миллӣ дар ҳамоҳангӣ таҷлил гардида, бошукӯҳ мегардад. Дар қатори баргузории паради низомӣ намоишҳои театрикунонидашуда, тақдими ҷоизаҳои давлатӣ, инчунин мусобиқаҳои варзишӣ ва барномаҳои фарҳангӣ низ доир мешаванд.

С. НАҶМИДДИНЗОДА,

«Садои мардум»